Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Чнде аз онҳоро дар ҷояшон мавриди арзёбӣ қарор додем. Аз ин лиҳоз моро зарураст, ки ба чанде аз масъалаҳои то андозае ба ҳамаи кӯлҳо алоқаманд ибрози андеша намоем:
-
Барои умри дароз бахшидан ба захираи лойқаи давоии Оқсукон шароити муътадили реҷаи обу намаки кӯлро чунон таъмин карда шавад, ки воридшавии ҷинсҳои ғайр пешгирӣ, вале барои бо суръат гузаштани равандҳои биогеохимиягӣ шароити хуб муҳайё гардад то он ки захираи лойқаи кӯл коҳиш наёбанд, балки афзун гардад.
-
Доир ба истифодаи босамари лойқаи ҳамаи кӯлҳои шифобахш назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад, то он ки лойқа сарфакорона ва сариштакорона истифода бурда шавад, дар атрофи кӯлҳо то ҳадди имкон минтақаи ҳифзи санитарӣ-кӯҳӣ ташкил карда шавад.
-
Ба истифодаи худсаронаи лойқаҳои шифоӣ хотима дода шавад, зеро аз ин амали нораво на танҳо сифату миқдори лойқа осеб мебинад, балки бе тавсияи духтур худсарона истифода бурдани лойқа, боиси бад шудани саломатии бемор ва авҷ гирифтани дигар бемориҳо аз эҳтимол дур нест.
-
Захираи лойқаи ҳамаи кӯлҳо маҳдуд ва тамомшаванда аст, барои ҳамин ҳам истифодаи онҳоро аз рӯи меъёр муайян карда шавад, захираи дигар кӯлҳои истифода нашударо омӯхта оид ба истифодаи минбаъдаашон тавсияҳо пешниҳод гардад.
-
Лойқаи ҳамаи кӯлҳои дар боло тасвир шуда хосияти хуби шифобахшандагӣ доранд, дар самтҳои гуногун истифода шуда метавонанд, бинобар он истифодаи гилтабобатро вобаста ба талабот афзоиш додан лозим меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё