Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
табобат фаро гирад, дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кам нестанд. Барои мизоҷон шароити хуби моддию маишӣ ва варзишӣ фароҳам оварда шудааст.
Шӯъбаи қабули тағораи (ваннаи) обӣ дар осоишгоҳ мақоми аввалиндараҷа дорад ва табобати он 8 – 10 маротиба, 10 – 15 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳар дафъа оби тағораҳо нав карда мешавад. Ғайр аз тағора барои табобат аз ҳавзҳои умумӣ истифода бурда мешавад. Ҳарорати оби ин ҳавз 38 – 39°С-ро ташкил медиҳад, чунин об ба бадан оромӣ мебахшад, инчунин таъсири радиоактивӣ беҳтар ва судманд мебошад, вале ҷиҳати манфии он аст, ки дар чунин ҳавз нитроген тез аз об баромада бухор мешавад. Оббозӣ дар ҳавз 5 – 10 дақиқа давом мекунад. Дар ҳавз бемор метавонад мавқеи баданашро мувофиқи салоҳиди худ тағйир дода истад, ки он нисбат ба тогора бартарӣ дорад. Дар ҳавз якбора 20 – 30 нафар ҳоҷатмандон оббозӣ карда метавонанд.
Шакли дигари табобат дар ҳавзи Обигарм ин гузаронидани молиши (мазҳи) зериобӣ буда, 5-дақиқагӣ панҷ-шаш маротиба такрор карда мешавад. Дар Обигарм, инчунин шаклҳои гуногуни обпошӣ (душ) қабул карда мешавад. Таъсири онҳо аз нарму форам, то ба зарбаҳои тавоно бадал мешаванд. Барои табобати бемориҳои гинекологӣ шӯъбаи махсус амал мекунад.
18 километр дуртар аз Обигарм дар маҳаллаи Мускинобод лойқаи торфӣ мавҷуд буда, 3 гектар масоҳат ва аз 0,5 то 1,5 метр ғафсӣ дорад, аз он бӯйи сулфиди гидроген меояд. Ин лойқаи овардашударо дар зарф ва ҷойҳои махсус нигоҳ дошта, аз байни он мудом оби маъданӣ гузаронида мешавад, ки хосияти радиоактивӣ мегирад, сонӣ ин лойқаро дар ҷойҳои даркории бадан мечаспонанд (мебанданд). Барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё