Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Манзараҳои атроф басо дилписанд мебошанд, зеро дарахту буттазорҳо, рӯду чашмаҳо, маргзорҳои хуби чарогоҳбоб домана паҳн кардаанд, боғҳои меваю токзорҳо ҳӯсни ин диёри зебоманзарро даҳчанд афзудаанд, ки барои беҳбудии саломатӣ бетафовут нахоҳад монд.
То соли 1946 ин оби шифобахшро бенизом барои табобати ҳама гуна бемориҳо бе тавсияи табибон истифода мебурданд, ки он ба матлаб мувофиқ набуд. Аз соли 1946 истифодаи ин оби шифобахш ба низом даромад, табибон баҳри табобати беморон тавсия ва маслиҳат медадагӣ шуданд. Соли 1947 дар мавзеи ин чашмаҳои шифобахши осоишгоҳ созмон дода шуд ва табобати мизоҷон зери назорати духтурону ҳамшираҳои шафқат ба роҳ монда шуд. Минбаъд дар ин мавзеъ хонаҳои барҳавою бисёрошёнаи махсус барои табобату истироҳат, ваннаҳо (ҳавзҳо)-и табобатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва хизматрасонӣ сохта шудаанд, табобатгоҳ бо асбобу анҷомҳои тиббию замонавӣ таъмин карда шудааст. Оби гарми ин чашмаҳоро барои гарм кардани утоқҳо низ истифода мебаранд.
Кайҳо, солҳои 60-уми асри гузашта тӯли мавсим 1000 нафар беморонро на танҳо аз марзи Тоҷикистон, балки аз музофоту шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз қабили Шарқи Дур, Сибири Шарқию Ғарбӣ, Урал, Қазокистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва шаҳрҳои Москва, Ленинград (Санкт-Петербург), Киев, Тошканд ва ғайра ба табобат фаро мегирифт, овозаи ин табобатгоҳ ба дуриҳо паҳн шуда буд. Дар осоишгоҳи Обигарм 40 ҳуҷра барои қабули мизоҷон муҷаҳҳаз мебошад. Дар як баст метавонад беш аз 160 нафар, ва тӯли мавсим 2 ҳазор нафар муштариёнро ба осоишу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё