Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
қабули чунин лойқа ва тоза намудани сатҳи бадан аз он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Барои табобати беморон ғайр аз оби гарми радиоактивӣ, ғиҷи торфӣ, аз гилҳои дигари табобатии мамлакат низ истифода мебаранд, самарати хуб мебахшад.
Барои табобатгирандагон шароити хуби маданию маърифатӣ низ фароҳам оварда шудааст.
Аз лиҳози беморӣ мизоҷон ва табобатгирандагон гуногунанд, вале бештари онҳоро шахсоне ташкил медиҳанд, ки аз аъзоҳои такяву ҳаракат, буғумҳо шикоят мекунанд (артрит, полиартрит, тарбод, радикулит, неврит) бемориҳои гинекологӣ, брутселлёз, бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои гуногуни пӯст ва монанди инҳо мебошанд.
Вазъи саломатии мизоҷони табобатгиранда якбора хуб намешавад, дар рӯзҳои аввал ноинҷорӣ, авҷ гирифтани дард ва баланд шудани ҳарорати бадан пайдо шуда метавонад. Аз ин тағйирот набояд хавотир шуд, саломатии бемор оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
4.3 Гармчашма
Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон барҳақ маҳзани обҳои маъдании шифобахш ва нодири кишвар аст. Баъзе чашмаҳои гарму сарди маъданӣ аз қадимулайём ба мардумон маълуму машҳуранд ва аз мавҷудияти чунин неъматҳои нодири табиат ифтихори беандоза дорем. Ҳоло дар Кӯҳистони Бадахшон 71 чашмаи обҳои маъданӣ маълуманд, ки 28 тои он гарму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё