Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
иден феъл гирифтааст (асоси феъли «ёфтан» ва «кардан»). Аз ин рӯ, ибора бисёр безеб афтодааст, монандаи аксарини мисолҳои боло бесаводона аст. Дар ин мавзӯъ ягон асоси феълиро истифода накарда, маъниро ифода намудан мумкин буд. Чунончи, наҷот аз таъқиб гуфтан мумкин буд. Раҳоӣ аз таъқибот гуфта мешуд, бале, беҳтар буд.
«Ҳоло вақти муқобилаткунӣ гузашта буд»—«муқобилат» аз боби «муфоала» мебошад. Аз ин сабаб дигар барои асоси феъли «кардан» ҳеҷ эҳтиёҷ намемонад.
Беҳтари калимаҳои арабӣ, ки дар аввали ин боб мисол овардем, — таҳқир, табрик, таъриф, тавсиф ва ғайра, инчунин калимаҳои арабин аз қабили ишора, ифода, шикоят, эзоҳ аз сабаби мазкур ба асоси феъли «кардан», ба -кунӣ эҳтиёҷ надоранд.
3. Бо -кунӣ калима сохтан осон аст. Ин корро ҳар кас ҳам метавонад. Барои ин бисёр фикр ва ҷустуҷӯ кардан лозим нест. Зотан аксари вайронкориҳо фикру андешаи бисёр талаб намекунад. Яке аз сабабҳои интихори калимасозии бо -кунӣ ҳамин аст, ки мо аз андак андеша мегурезем, андак заҳматро ба худ раво намебинем ва аз хароб шудани сухан бехабар мемонем.
Ва ҳол он ки агар андак ҷустуҷӯ кунем, аксаран ба ҷойи ин тарзи калимасозӣ дигар шаклҳои рехтаву суфтае ёфтан мумкин аст. Мисолҳои поён аз ин гувоҳӣ медиҳанд.
«Ин бригада ҳамаи корҳои бетонкуниро анҷом дод».
Дар ин ҷумла маънии «бетонкунӣ»-ро ба дигар тарзе ифода кардан мумкин буд. Чунончи, солҳои охир калимаҳои бетонрезӣ ва бетонкорӣ пайдо шудааст, ки қобили қабул аст. Ҷумлаи болоро ба ин тарз таҳрир кардан беҳтар будагист: «Ин бригада ҳамаи бетонкориро анҷом дод».
Асбоберо, ки барои тоза кардани кафк ва тагнишиниҳои буғ ба кор меравад, «асбоби тозакунии такшон»
номидаанд. Шояд онро «асбоби софкории такшон» номидан мумкин бошад? Софкорӣ ба маънои тоза кардан маълум аст.
Дар ин мисол ҳам ҳол ҳамон аст, ки дар ду мисоли боло дидем: «Эрон аз харобкунии лашкари муғул халосӣ ёфт». Ин ҷо ҳам «харобкунӣ»-ро ба харобкорӣ иваз кардан даркор буд. Яъне калимаи рехтаву суфтаи «харобкорӣ»-ро, ки дар забон ҳаст, як сӯ гузошта, ба ҷойи он як калимаи хунук сохтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё