Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

паи ба шаклҳои вайрону дурушт одат кардани мо мебошанд.

3

Ба ақидаи камина, ҳоло яке аз вазифаҳои асосӣ ба қадри имкон маҳдуд кардани ин тарзи калимасозӣ мебошад. Барои ба ин мақсад расидан лоақал чизҳои зеринро ба назар гирифтан лозим меояд.

  1. Агар худи калима дар таркибаш асоси феъл дошта бошад, ба он боз «-кунӣ» илова кардан матлуб нест:
    «Ҳайвон аз ҷастухезкунӣ бозистод» — худи «ҷастухез» ду асоси феъл дорад («част» ва «хез») ва ба он боз як асоси феъл илова карданро бояд раво надонем:
    «Ҳайвон аз ҷастухез бозистод» гуфтан кифоя аст.

«Ҳама ба шустушӯйкунӣ даромаданд» — ин ҷо ҳам «шустушӯй» ду асоси феъл дорад, яъне худаш (монанди «ҷастухез») исми феълист ва ҳеҷ зарурате нест, ки ба он боз як нишонаи исми феълиро бор кунем: «Ҳама ба шустушӯй даромаданд» гуфтан кифоя буд.

«Ман куҷову пасандозкунӣ куҷо?» — боз ҳам «пасандоз» як асоси феъл дорад («андоз») ва низ исми феълист, аз ин рӯ, ҳоҷат ба дигар як асоси феъл нест. Агар «ман куҷову пасандоз куҷо» гуфта мешуд ҳам, маънои пурра ифода мегардид ва муҳимтар ин, ки ҳусни сухан бурд мекард.

  1. Масдарҳои арабии боби феъл, чунончи калимаҳои ҳукм, арз, авф, ҳамл, нақл, раҳм, ҳатм, шукр ва монанди инҳо дар забони тоҷикӣ исм мебошанд, вале маънои кору амалро ҳам як андоза ифода мекунанд. Феълҳои арабии боби тафъил, чунончи тахмин, таркиб, тафтиш, таълим, таъмин, тамкин, таслим ва монанди инҳо, феълҳои арабии боби муфоала — чунончи муомила, мубориза, муколима, мутолиа, муҳосима, мудофиа, мунозира ва ғайра, инчунин калимаҳои арабии дигар бобҳои феъл ба забони тоҷикӣ чун исми амал гузаштаанд. Онҳо номи коре, амале, ҳаракатеро ифода мекунанд. Бино бар ин аксаран ба онҳо асоси феъл илова намудан лозим намеояд, хусусан ба онҳо часпондани асоси феъли «кардан» ҷоиз нест.

Дар натиҷаи ба назар нагирифтани ҳамин хусусияти исмҳои феълии арабӣ дар калимаҳои зерин «-кунӣ»
илова намудаанд, ки дуруст нест:

«Наҷотёбӣ аз таъқибкунӣ» — тарҷумаи «спасение
от преследования». Чунонки мебинем, ҳарду исм ҳам

пешина
аз 393
навбатӣ