Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

истифода кардаанд. Чунончи, исполнять — иҷро кардан, исполнение — иҷрокунӣ; исправлять — ислоҳ кардан, дуруст кардан, исправление — ислоҳкунӣ, дурусткунӣ, стригать — буридан, қайчӣ кардан, бурида ғундош-тан, настригание — бурида ғункунӣ, бурида тайёркунӣ, қайчикунӣ. Ҳатто чунин эзоҳот дида мешавад: воску-ривать — тамокукашӣ сар кардан, воскурение — тамокукашӣ саркунӣ. Шубҳае нест, ки тамокукашӣ саркунӣ дар ниҳояти безебӣ воқеъ шудааст.

Дар натиҷа ба ин «Луғат» бисёр шаклҳои сунъӣ ностардҷахон роҳ ёфта буд. Мутаассифона, ин принсип дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 низ асосан риоя шудааст. «Кунӣ» дар навиштаҳои устод Айнӣ низ аз даҳани сӣ, аз солҳои таҳрири нахустин «Луғати русӣ-тоҷикӣ» бисёр роҳ ёфт, яъне усули ноқиси ин «Луғат» ба осори Айнӣ таъсири манфӣ гузошт.

Таҷрибаи солҳои баъд нишон дод, ки исмҳои феълие, ки бо -ание ва -ение омадаанд, ба тоҷикӣ бештар бо ном о масдар ифода мешаванд. Масдар ҳам зотан номи амал аст ва дар мавридҳои муайян ҷои исми феълиро гирифтани он бояд боиси тааҷҷуб нагардад. Аз ин рӯ, исполнение — иҷро ё иҷро кардан (на иҷрокунӣ), исправление — ислоҳ ё ислоҳ кардан (на ислоҳкунӣ), настригание — бурида ғун кардан (на бурида ғункунӣ), воскурение — тамокукашӣ сар кардан (на тамокукашӣ саркунӣ) мешавад. Ин ягона роҳи халосӣ аз калимасозии сунъии ғайритабиъӣ дар ин маврид мебошад.

Дар омади гап бояд гӯем, ки интишори беҳадди калимаҳоеро, ки бо -ание ва -ение сохта шудаанд, дар за-бони русӣ ҳам чандон матлуб намедонанду ва баъзе за-боншиносону адибон як андоза маҳдуд кардани онро беҳтар мешуморанд. Чунончи адиби маъруф Корней Чуковский чунин калимасозиро дар назар дошта гуфта буд: «Зиёд шудани адади ин исмҳои феълӣ худ гувоҳи он аст, ки сухан девонсолорӣ (канселярӣ) шуда исто-дааст». Ин ҷо мурод аз девониву девонсолорӣ шудани сухан шакли сунъӣ гирифтан ва аз ҳолати табиъӣ ба-ромадани он аст.

Дар забони тоҷикӣ бисёре аз он калимаҳое, ки бо «кунӣ» омадаанд, низ ба назари мо, суханро одӣ ме-кунанд ва аз ҷодаи табиъият берун мебаранд, як нишо-

Чуковский К. За живое, образное слово. «Знание», М., 1957, с. 31.

пешина
аз 393
навбатӣ