Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

вале ба онҳо илова кардани пасванди «й» дида намешавад.

Дар забони ҳозираи тоҷикӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки, дар назари аввал гӯё онҳоро танҳо бо чунин калимаҳои мураккабе, ки бо «-кунӣ» сохта шудаанд, ифода кардан мумкин аст. Масалан, ибораи «вазорати маҳсулоттайёркунӣ». Чунин пиндор, ки ин гуна мафҳумҳоро ба тарзи дигар наметавон баён кард, ба фикрам, дуруст нест.
Чунончи, маҳсулоттайёркуниро таҳияи маҳсулот ё маҳсулотрасонӣ гуфтан мумкин буд. Ё ки истилоҳоти «заводи пахтатозакунӣ» ё «заводи нефттозакунӣ»-ро гирем.
Албатта, инҳоро «корхонаи пахта» ва «корхонаи нафт»
гуфтан ҳам мумкин (балки беҳтар) аст. Он чиро, ки мо «заводи нефттозакунӣ» мегӯем, «корхонаи полоиши нафт» гуфтан беҳтар будагист.

Калимаҳое, ки бо -кунӣ сохта шудаанд, солҳои охир дар забони ҳозираи тоҷикӣ чаро ин қадар интишор ёфтаанд? Албатта, ин ҷо сабаби бисёре мавҷуд будагист.
Ба фикри мо, яке аз сабабҳои асосӣ ин аст, ки дар давраи ҳозира дар забон исми феълии фаъол шудааст. Ин шояд ҳодисаи муҳим бошад. Лекин дар ин мавриди (чунонки дар ҳар мавриди дигар зарур аст) ҳадду андозае бояд риоя шавад. Агар меъёре ва ҳадду андозае риоя нашавад, забон аз калимаҳои вайрон ва дурушту носуфта пур мешавад.

Чунончи ишора рафт, як сабаби фаъол шудани «-кунӣ» ин аст, ки тартибдиҳандагони китобҳои луғат ва тарҷумонҳо онро шакли асосии ифодаи чунин исмҳои феълии русӣ, ки -ение ва -ание доранд, қарор додаанд.
Ҳар ҷо, ки дар матни русӣ калимаҳоеро аз қабили обнаружение, овладение, смотрение, играние мебинем, барои ифодаи ин шакл ба калимаи тоҷикӣ -кунӣ ҳамроҳ мекунем.

Дар ин роҳ саҳви асосӣ аз якумин «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (Сталинобод, 1933) сар шуда буд. Бояд гуфт,
ки ин «Луғат» дар вақташ барои муайян шудани принсипҳои тартиб додани луғатҳои дузабонӣ роли калон
бозида буд. Дар тартиб додани он донишмандони забондон иштирок кардаанд ва устод Айнӣ сарвари онҳо
буд. Бо вуҷуди ин, тартибдиҳандагон дар баъзе мавридҳо принсипи нодурустеро пеш рондаанд. Онҳо қарор додаанд, ки фарқи масдар ва исми феълии бо
«-ание» ва «-ение»-ро ҳатман таъкид намоянд ва барои
ин таъкид бештар асоси феъли «кардан» ва «шудан»-ро

пешина
аз 393
навбатӣ