Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
русиро ифода карда метавонанд. Дар ҳақиқат «суиистеъмол» ба русӣ чӣ тавр бояд тарҷума шавад? Барои ин савол ҷавоб ёфтан ба луғати тоҷикӣ-русии М. Раҳимӣ муроҷиат кунем, дар он ҷо чунин навиштаанд: суиистеъмол — злоупотребление. Мулоҳиза фармоед: модоме ки худи суиистеъмол злоупотребление будааст, боз «-кунӣ» чӣ лозим аст? Дигар калимаҳоеро, ки ҳозир номбар кардем, агар аз он луғат бинем, аз ҳамин ҳолат мушоҳида мегардад: арз — заявление; прошение, жалоба; забт — захват, оккупация; талқин — внушение, наставление; итоат — подчинение; повиновение, послушание. Аксари дигар калимаҳоеро, ки дар ин баҳс номбар шуданд, агар аз луғати тоҷикӣ-русӣ ё русӣ-русӣ тафтиш кунем, ҳамин ҳолатро мебинем. Модоме ки ин калимаҳо бидуни «-кунӣ» ҳам ҳамон маънои матлубро ифода мекардаанд, мо ба чунин ақида меоем, ки ба онҳо илова кардани «-кунӣ» зарур нест, хилофи мантиқ аст.
Аммо калимаҳои писархондкунӣ ва духтархондкунӣ, ки дар боло зикр шуданд, дар ниҳояти дағалӣ воқеъ шуданд ва ба гумон аст, ки вуҷуди онҳо дар забони тоҷикӣ ҷоиз бошад. Дар ин маврид писар хондан, ба писархондӣ қабул кардан, ба писархондӣ гирифтан ва ҳамин мисли ин лозим буд. Албатта, дар ин сурат мо маҷбур мешавем, ки як калимаи русиро бо ду калима ва ҳатто бо се-чор калима тарҷума кунем. Вале ин корро бояд айб надонем. Бисёр норасоиҳои тарҷумаҳои имрӯзаи мо аз ҳамин ҷо сар мезанад, ки мо дар тарҷума аксаран мутобиқати ададии калимаҳоро аз ифодаи маъно ва аз ҳусни гуфтор авзалтар мешуморем.
Шояд ин навъи калимасозӣ аз гуфтугӯии халқ
ба забони адабӣ дохил шуда бошад. Нависандагони шӯравии тоҷик ва пеш аз ҳама устод Айнӣ барои ба забони адабӣ дохил шудани ин хели калимасозӣ бисёр
кӯшиш кардаанд. Мо бояд таҷрибаи онҳоро омӯзем, ба
аӯби санҷида бинем, ки дар асарҳои онҳо ин шакли калимасозӣ чӣ гуна навъҳо дорад ва ҳар кадоми ин навъҳо дар кадом мавридҳо истифода шудааст. Инро ҳам
фаромӯш кардан лозим нест, ки, масалан, дар асарҳои
Айнӣ ин гуна калимаҳо дар ҳар саҳифа як бор намеоянд, балки гоҳо, аҳён-аҳён дида мешавад. Аммо дар
забони адабии классикӣ чунин калимаҳо дида
намешаванд. Калимаҳое ба монанди иҷтинобкун, тамошокун дар забони классикӣ гоҳ-гоҳе ба назар мерасанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё