Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

он як «-кунӣ» илова намудан асло лозим нест. Масалан, ин ҷумларо аз назар гузаронем: «Ин гуна таърифу тавсифкунӣ аз ҳақорат ҳам бадтар аст». Тамоман равшан аст, ки ин ҷо «-кунӣ» барзиёд омадааст.

Ба ҳамин тариқ таҳқир—ҳақорат кардан, таъмир—иморат буда, маънои худи ин калимаҳо мафҳуми «кардан» ё «кунӣ»-ро дар бар мегирад.

Азбаски калимаҳои «тавсиф», «таҳқир», «таъмир» ва мисли инҳо (яъне ҳамаи калимаҳои боби «тафҳил») дар забони тоҷикӣ чун исм қабул шудаанд, агар аз онҳо феъл сохтан лозим шавад, одатан ба онҳо як феъли ёвар илова менамоем ва «таҳқир кардан», «таҳқир дидан», «таҳқир шудан» ва монанди инҳоро месозем. Дар ин сурат феълҳои ёвар заруранд ва то «кардан» ё «намудан»-ро илова накунем, исми «тавсиф» ба шакли феъл намедарояд.

Вале ин гап чунин маъно надорад, ки чун дар забони тоҷикӣ таркиби тавсиф кардан мавҷуд ва тавсиф кард гуфтан мумкин будааст, аз он калимаи мураккаби тавсифкунӣ ҳам сохтан зарур аст. На, ҳаргиз! Агар дар ҷумла феъл не, балки исми феълӣ лозим бошад, худи тавсиф, таъриф ва мисли инҳо чунин вазифаро ба хубӣ иҷро менамоянд. Барои ин ки онҳо вазифаи исми феълиро иҷро кунанд, ягон чизи дигар илова кардан лозим нест.

Одатан аз баъзе таркибҳо калимаи мураккаб сохтан мумкин аст, аммо аз баъзеи онҳо мумкин ё ҷоиз нест. Агар ба сохтани калимаи мураккаби тавсифкунӣ эҳтиёҷе эҳтиёҷе, ба зӯрӣ онро сохтан беҳудакорист. Зарур бувад—раво бувад. Модомки зарурат нест раво нест.

2

Калимасозии бо -кунӣ асосан бо кӯшиши баъзе тарҷумонҳои «хурдагир» ва тартибдиҳандагони китоби луғат хеле ривоҷ пайдо кардааст. Ин рафиқон одатан барои ифодаи исми феълии забони русӣ (он калимаҳои русӣ, ки бо -ние тамомом шудаанд), ҳамин «-кунӣ»-ро истифода мекунанд. Масалан: усыновление—писархондкунӣ, удочерение—духтархондкунӣ, обжалование—шикояткунӣ, заявление—арзкунӣ, захват—забткунӣ, внушение—талқинкунӣ, подчинение—итоаткунӣ, злоупотребление—суиистеъмолкунӣ ва ғайра. Ва ҳол он ки ҳамаи ин калимаҳо бидуни «-кунӣ» ҳам маънои он калямаҳои

пешина
аз 393
навбатӣ