Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Ҳукумати Советӣ тарафдори он аст, ки ҷангкунӣ поимумкин гардад» — ин калимаи «ҷангкунӣ» хеле хунук, дағал ва гӯшхарош аст. Худи «ҷанг» дар ин ҷумла маъниро пурра ифода карда метавонад.

«Митингҳои эътирозбаёнкунӣ давом карда истодаанд» — ин ҷо ба ҷои ибораи вазнини «митингҳои эътирозбаёнкунӣ» бо ибораи сабуктари митингҳои эътироз изоҳандро адо кардан мумкин буд, яъне ба ҷои калимаи мураккаби чорҷузъа як калимаи сода кифоя аст.

«Вай табъи баланди шеърэҷодкунӣ дорад» — ин ҷо «шеърэҷодкунӣ» калимаи хунукест ва аз табъи пасти муаллифи ин ҷумла гувоҳӣ медиҳад. Ҷумларо лоақал ин тавр таҳрир кардан мумкин буд: «Вай дар шеър табъи баланд дорад».

Ба ҳамин қиёс калимаю ибораҳои бисёре аз қабили бо ҳам тинҷ зиндагоникунӣ, таҳқиркунӣ, табриккунӣ, шикояткунӣ, таърифкунӣ, идкунӣ, шодикунӣ, ки дар матбуот ҳар рӯз дучор меоянд, ё нодуруст ё безебанд.

Дар ҳақиқат чаро «идкунии 60-солагии республика»
гуфтем? Магар «иди 60-солагӣ» гӯем, дурусттар ва беҳтар набуд? Ё ба ҷои «бригадаи таъмиркунӣ» ва «таъмиркунии чорӣ» — «бригадаи таъмир» ва «таъмири чорӣ» гӯем, оё сабуктар ва хушсадотар нест?1

Барои ин ки масъала боз ҳам равшантар шавад, як нуқтаро ба назар гирифтан лозим аст.
Калимаҳои тавсиф, таъриф, таҳқир, табрик, таъмир дар мисли инҳо масдари арабӣ буда, дар забони тоҷикӣ ба нем табдил ёфта бошанд ҳам, исми амаланд ва маънои онҳо то андозае амалу ҳаракатро низ ифода менамоянд. Чунончи маънои тавсиф васф кардан аст Ё ба қавли ходимони матбуот гӯем, васфкунӣ гуфтан аст. Модомки худи «тавсиф» васфкунӣ будааст, боз ба паҳлӯи он «кунӣ» илова шудани «таъмир сохта шудаанд, «устохонаи таъмиркунии либос низ дида мешавад. Ин ҷо на танҳо илова шудани «кунӣ» нодуруст аст, балки таъмири либос ҳам қобили қабул нест. Зеро маънои «таъмир» иморат кардан аст Ба ҳад он ки иморатр одатан нисбат ба бино, хонаю ҳавлӣ ва гаҳра мегуянӣ, аммо нисбат ба либос нагуфтаанд. Бино бар он беҳтар аст, ки дар ин маврид устохонаи чоку пора ё устохонаи порадузӣ ва ё ягон чизи дигар гӯем. Ҳарчанд ки, масалан, «порадузӣ» маънои матлубро пурра ифода карда наметавонад, ба ҳар ҳол аз таъмир беҳтар аст. Пас, «устохонаи порадузӣ» (ё чокдузӣ, ё чаку пора ва ғайра)-ро шартан қабул кардан мумкин будагист.

пешина
аз 393
навбатӣ