Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

КАЛИМАҲОЕ, КИ БО «-КУНИ» СОХТА ШУДААНД

1

Яке аз он чизҳое, ки имрӯз ба ҳусни забон ва зебоии сухан хеле халал оварда истодааст, интишори бемисли он калимаҳоест, ки бо «-кунӣ» сохта шудаанд. Матбуоти мо ба ин қабил калимаҳои мураккаб низ муҳаббати махсус дорад ва аз бисёр навъҳои калимасозӣ ҳамин навъро афзалтар донистааст. Лекин аксаран ин муҳаббат мисли меҳри баъзе модарон нисбат ба фарзанди худ муҳаббати кӯр-кӯрона буда, боиси бехабар мондан аз ҳақиқати ҳоли фарзандон гардидааст.

Чунонки феъли карда аксаран зиёдатӣ ва безарурат кор фармуда мешавад, ин -кунӣ ҳам бисёр вақтҳо нолозим аст. Чунончи ба калимаҳои зерин диққат кунем: «экспедицияи ҷустуҷӯкунии геологӣ», «заводи моторремонткунӣ», «харидкунии ғалла». Агар ин калимаҳоро ба шакли «экспедицияи ҷустуҷӯи геологӣ», «заводи ремонти мотор», хариди ғалла» мегуфтем, (дурусттар ин ки «ҳайъати эъзомияи ҷустуҷӯи заминшиносӣ», «корхонаи таъмири мотор» бигӯем), беҳтар, сабуктар ва равшантар мебуд. Ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар ин сурат ҳам маънои калима дигар намешавад.

Ҳамин чизро ҳам ба назар гирифтан лозим аст, ки масалан, худи калимаи «ҷустуҷӯ» аз ду асоси феъл сохта шудааст: «ҷуст» ва «ҷӯй» ҳарду асоси феъли «ҷустан» мебошанд; пас ба он илова намудани боз як асоси феъл, яъне «кун» (ки аз масдари «кардан» аст) чӣ маъно дорад? Ё ки ба калимаи «обшӯй», ки низ худаш як асоси феъл («шӯй») дорад, боз як асоси феъли дигар зам карда, обшӯйкунӣ (обшӯйкунии заминҳо) сохтан оё бемаънӣ нест? Калимаи ҷомашӯйкунӣ дар бемаънӣ аз «обшӯйкунӣ» кам нест.

Барои ин ки масъала равшантар шавад, чанде аз ин калимаҳоро дар дохили ҷумла меорем:

«Барпо намудани инспекцияи давлатии маҳсулотхаридкунӣ зарур дониста шуд» — беҳтар ин буд, ки хариди маҳсулот гуфта шавад, яъне ба ҷойи як ибораи сабуки равон (хариди маҳсулот) як калимаи мураккаби панҷқабата (маҳсулотхаридкунӣ) омадааст.

«Бандар дар натиҷаи бомбаборонкуниҳо хароб шуда буд» — дар ин ҷо ҳам бомбаборон гуфтан кифоя буд: дар натиҷаи бомбаборон.

пешина
аз 393
навбатӣ