Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунин саҳв дар ин ҷумла ҳам ҳаст: «Ӯ дар роҳи кашфу мутеи қувваҳои табиат иқдом кард».

Дар ин ҷумла низ мутеъ кардан гуфтан лозим буд. Ин хато ҳам аз он ҷо рӯй додааст, ки муаллиф ба чигунагии калимаҳо коре надорад, донистан намехоҳад, ки кашф исми феълист, номи амалест, бино бар ин ба он як феъли ёвар (масалан, «кардан»)-ро илова накунем ҳам, кореву амалеро ифода карда метавонад, аммо мутеъ сифат аст ва ба танҳоӣ амалро намефаҳмонад.

Ҳамаи муаллифони ҷумлаҳои боло ҳангоме ки қалам меронанд, ҳаргиз фикр накардаанд, ки кадом калима исм аст, кадоме сифат ё феъл аст ва ҳар яке аз онҳо кадом бореро кашида метавонад, аз ифодаи кадом маъни оҷиз аст. Ва ҳол он ки агар инҳоро фикр накунем, ба қалам рондан ҳақ надорем.

Қабоҳати чунин бефикриҳо аз ҷумлаи поён равшантар маълум мешавад:

«Тасвири муборизаи ду олам,... ҳатман ғалабаю мустаҳкамшавии нав... ин эпопеяро оламшумул гардонидааст».

Ин ҷумла айби бисёр дорад, фақат се айби онро гӯшрас мекунем: 1. «Ғалаба кардан» гуфтан даркор буд, зеро ҳоло «-шавӣ»-и калимаи «мустаҳкамшавӣ» ба «ғалаба» ҳам нисбат пайдо кардааст. 2. «Мустаҳкамшавӣ»-ро «мустаҳкам шудан» гуфтан лозим буд ва шарҳи ин дар яке аз бобҳои минбаъда (боби «Калимаҳое, ки бо «-шавӣ» сохта шудаанд») хоҳад омад. 3. «Нав»-ро «навӣ» гуфтан зарур буд, чунки «нав» сифат аст ва чун сифати «мустаҳкамшавӣ» омадааст ва ҳол он ки мақсади муаллиф дигар аст: вай нав ё кӯҳна будани «мустаҳкамшавӣ»-ро таъкид кардан намехоҳад, балки мақсади ӯ аз «нав» ҳодисаҳои нави зиндагӣ мебошад, ки онҳоро бояд «навӣ» гӯем, на «нав», чунонки «ҳодиса» дар ибораи «ҳодисаҳои нави зиндагӣ» исм аст, бадали онро ҳам ба шакли исм — «навӣ» овардан лозим меояд.

Ин хел ҷумлаҳо, ки аз ниҳояти бедиққатии қаламкашҳо гувоҳӣ медиҳанд, бисёр дучор мешаванд.

пешина
аз 393
навбатӣ