Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Истилоҳи машинами кӯрактозакунӣ, ба назари мо, чандон хуб нест. Вазифаи ин мошин тоза кардани кӯрак набуда, пахтаро аз пӯчоқ тоза кардан аст. Пеш аз инқилоб (ва чанд соли пас аз он ҳам) деҳқонон ин корро дастӣ иҷро мекарданд, яъне ғӯзаи нимшукуфтро кафонда, аз байни он пахтаро кашида мегирифтанд. Ин кор пахтакашӣ ном дошт ва деҳқоонеро, ки бо ин кор машғул буд, пахтакаш меномиданд (устод Айнӣ дар асарҳояш пахтакашӣ ва пахтакашонро бисёр тасвир кардааст). Пас, модомки имрӯз он мошин қариб худи ҳамин корро иҷро менамояд, магар онро мошини пахтакашӣ гӯем, беҳтар нест? Ба фикрам, ин ном чӣ аз ҷиҳати маъно ва чӣ ба эътибори шакли калима муносибтар аст.
Дар ибораи «мукаммалкунии механизми хоҷагидорӣ» калимаи «мукаммалкунӣ»-ро бо такмил иваз кардан беҳтар аст, зеро «такмил» ҳамон «мукаммалкунӣ» ё «мукаммалкунонӣ» мебошад ва модомки ин калима дар забон ҳаст, ба ҷойи он як калимаи дигари вазнин сохтан нағз нест.
Дар «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифӣ чунин ҷумлае дида шуд: «Мавлоно Амонӣ... дукони нахӯдбирёнгарӣ дошт». Яъне Восифӣ нахӯдбирёнкунӣ нагуфтааст. Маълум аст, ки пасванди «-гар» вазифаи асосии феъли «кардан»-ро иҷро карда метавонад. Бисёр калимаҳои дигар, ки бо -гар-ӣ сохта шудаанд, аз ин ҳақиқат гувоҳӣ медиҳанд. Чунончӣ, калимаҳои зерин, ки дар «Фарҳанги осори Ҷомӣ» омадаанд: бахшишгарӣ (бахшиш кардан), вафогарӣ (вафо кардан), лобагарӣ, навҳагарӣ, назорагарӣ ва ҳоказо. Ин гуна калимаҳоро аз забони мо, аз эҷодиёти нависандагон, аз луғатҳо зиёд ёфтан мумкин аст. Як иддаи онҳо маҳз ҳамон маъниҳоеро, ки имрӯз аҳли қалам бо -кунӣ ифода кардан мехоҳанд, ифода менамоянд. Пас имрӯз ҳам дар баъзе мавридҳо барои калимасозӣ ба ҷойи асоси феъли «кардан» пасванди «-гар»-ро ба кор бурдан мумкин аст.
Чунонки мебинем, асоси феъли «кардан» дар калимасозии имрӯза ҷойи бисёр шаклу воситаҳои дигарро гирифта, боиси маҳдуд гардидани истифодаи баъзе тарзҳои дигари калимасозӣ ва баёни фикр шуда истодааст. Ин ҳолат суханро ба сӯйи маҳдудият ва якрангӣ мебарад.
Дар забони мо бисёр калимаҳои мураккаби равону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё