Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ғайра. Ин қолиб аз гуфтори омиёна омадааст ва банда онро аз номувофиқтарин қолибҳо дар забони адабии имрӯз медонам.
Ин қолиб ҳатто ба шеъри Рӯдакиву Фаррухӣ ва дигарон роҳ ёфта бошад ҳам, онро чизе тасодуфӣ бояд донист. Танҳо устодони сухан, ки дар мавридшиносӣ ва риояи ҳадду андоза забардастанд, тавонанд ҷуръат бикунанд, ки даст ба қолабҳои номатлуб низ бизананд ва вожаҳое аз қабили дебоисабзпӯш(ӣ) ва молимардумхӯр(ӣ) ба кор бигиранд. Дар сурудҳои устодон, дар насрашон низ мумкин аст чизе нозебо зебо намояд. Вале на ҳар қаламкаш бояд чунин ҷуръат дошта бошад. Он чӣ ба устодон бахшуданист, ба мо қаламкашҳои одӣ бахшуданист нест. Боз ҳам бояд бигӯем, ки андак-андак норасоӣ, ки гоҳ дар сухани устодон дида мешавад, забонро хароб намекунад, лекин ғалатҳои ҳаррӯзаи мо қаламкашҳои қаторӣ, ки аз нашрияҳо ва радиову телевизион ҳар рӯз паҳш мешавад, амали харобкор дорад.
Ҳоло вақти он расид, ки дар бораи як қоидаи сохта шудани сифатҳои мураккаб хулосаи умумӣ барорем. Барои ин лозим меояд, ки баъзе мисолҳои боби гузаштаро низ ба хотир орем.
Аз боби гузашта ва аз ин боб дидем, ки дар баъзе мавридҳо асоси феъл ба калимаи мураккаби дуҷӯзъа пайваста сифати мураккаб ба вуҷуд меорад: сарпӯшдор, болохонадор, пешайвондор, яктаҳпӯш ва монанди инҳо. Аммо дар баъзе мавридҳо асоси феъл ба калимаи дуҷӯзъа намечаспад ё начаспонем, беҳтар аст, гулисабздор ва хилъатисафедпӯш набояд гӯем. Сардор ва сарпӯшдор, хонадор ва болохонадор ва навхона гуфтан мумкин аст, лекин навхонадор гуфтан мумкин нест. Гулдор, маълумотдор, куртапӯш, коғазпеч гуфтан мумкин аст, вале аз гулисабздор, маълумотиолидор, куртаисафедпӯш, коғазисафедпеч худдорӣ беҳтар аст. Ин ҷо чӣ сирре ҳаст? Қоидаи умумии ин ҳодиса чист ва дар калимасозӣ чиро бояд дастури амал созем?
Ҷавоби ин суолҳоро ба забоншиносон вогузор кар-дан лозим меояд. Тахмини мо ин аст, ки агар калимаи дуҷузъа исми мураккаб бошад: сарпӯш, болохона, як-таҳ, асоси замони ҳозираи феъл ба он мепайвандад ва калимаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё