Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
сеҷузъае ба миён меорад, ки сифати мураккаб аст: сарпӯшдор, яктахпӯш. Асоси феъл ҳатто ба сифати мураккаби дуҷузъаву сеҷузъа часпида, сифати дигаре ба вуҷуд меорад: дудастахӯр, дуаспарон.
Вале ин ҷо як шарти муҳим ҳаст. Шарт он аст, ки ҷузъи якуми он калимаҳои дуҷузъаву сеҷузъа бояд сифат набошад: ҷузъи якуми сарпӯш, болохона, яктах ва дудаста сифат нест, балки исм ва шумора аст. Агар ҷузъи якуми калимаҳои дуҷузъаву сеҷузъа сифат бошад, асоси феъл ба вай намепайвандад. Дар навхона ҷузъи якум — нав сифат аст. Бино бар ин аксаран асоси феълро ба он часпондан мумкин нест.
Ба ибораи изофӣ ҳам асоси феъл начаспондан ва сифати мураккаб насохтан беҳтар аст. Гули сабз, дили нек, айнаки сиёҳ, маълумоти олӣ, куртаи сафед ва ғайра ибораи изофиянд. Бино бар ин ба онҳо асоси феъл набояд часпонд ва гулисабздор, маълумотиолидор, куртаи сафедпӯш, коғазисафедпеч гуфтан хуб нест.
Барои ин ки аз ибораи изофии дуҷузъа — гули сабз сифат созем, бояд изофатро партофта, сифатро аз пеш ба исм часпонем: сабзгул, некдил, сиёҳайнак, олимаълумот, сафедкурта ё фаққи изофат: куртасафед. Чунончи мебинем, инҳо калимаи дуҷузъае мебошанд, ки ҷузъи якумашон сифат аст: сабз, нек, сиёҳ, олӣ, сафед. Ва ҳол он ки дар боло дидем, ки агар ҷузъи якуми калимаи мураккаб сифат бошад, асоси феъл ба ин калимаи мураккаб намечаспад. Бино бар ин сабзгулдор ё олимаълумотдор ҳам гуфтан мумкин нест. Худи сабзгул, олимаълумот, куртасафед сифат аст ва ба ягон нишони дигари сифат — ба асоси феъл ё пасванди -нок эҳтиёҷ надорад.
Ҳамин аст, ба назари мо, қоидаи сохтани сифати мураккаб дар сурати иштироки асоси феъл дар созмони он.
Ба ин тариқ, дар 7 боби охир дидем, ки дар мавриди гуногун ба калима бе зарурати махсусе асоси феъл илова шуда истодааст. Инро дар бобҳои «-кунӣ», «-шавӣ», «истифодабарӣ», «худтанқидкунӣ», «бавуҷуд-оӣ», «сеошёнадор», «гулисабздор» ва «либосисафед-пӯш» аз назар гузаронидем.
Аз ин бобҳо хулоса ҳамин аст, ки яке аз омилҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё