Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

асосӣ, ки боиси вайрон шудани қоида ё ба вуҷуд омадани калимаҳои вазнини чандқабата мегардад, безарурат ба калима часпондани асоси феъл аст. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки табиати забон ва қонунҳои калимасозиро, ки асрҳо боз муайян шудаанд, ба назар намегирем, қоидаҳои наве муайян кардан мехоҳем, ки хилофи қоидаҳои мавҷуда мебошанд ва имконоти забонро зиёдтар намекунанд, балки ба забон гаронӣ меоранд ва суханро аз мантиқи одӣ дур мебаранд. Ҳамаи инҳоро нишонаи паст шудани фарҳанги сухан бояд донист.

Дар ҳақиқат, модомки худи тадқиқ амалу ҳаракатеро ифода мекунад, ба он як асоси феъл илова карда, тадқиқкунӣ гӯем ё дар сурате ки худи сеошёна мафҳуми дороиро дар бар дорад, боз ба он асоси феълии «доштан»-ро ҳамроҳ намоем, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки маънои аслии калимаро ба назар нагирифтаем. Ва ҳол он ки маънои аслии калимаву ибораро ба назар нагирифта гап задан ё қалам рондан фақат аз паст шудани фарҳанги сухан гувоҳӣ медиҳаду бас.

Солҳои бисту сии садаи бист, ки бисёр ғояҳои замонӣ барои халқи мо чизи нав буд ва оммаи мардум ҳанӯз бештарин бесавод буданд, қаламкашҳои мо—чи нависандагон ва чи рӯзноманигорон кӯшиш мекарданд, ки ба қадри имкон содатар нависанд ва матлабро гаштаву баргашта эзоҳ диҳанд, то ки ба фаҳми хонанда расад. Ин кор, албатта, дуруст буд. Лекин рафта-рафта як навъ нобоварӣ нисбат ба фаҳмиши хонанда, як навъ тарсе пайдо шуд, ки мабодо ки хонанда гапро нафаҳмида монад.

Шояд аз ҳамин сабаб гумоне ба миён омад, ки, масалан, сабзгул аз ҳад зиёд зебову классикист ва шояд номафҳум ояд, барои ин ки гап ба фаҳми хонанда наздиктар шавад, онро гулисабздер гуфтан беҳтар аст; ё барои ин ки байни истифода кардан ва истифода шудан хатман фарқ мавҷуд бошад, истифодабарӣ ва истифодаёбӣ гуфтан зарур аст ва хоказо. Гӯё дар натиҷаи ҳамин буд, ки калимаҳо асоси феълҳои гуногун илова шудан гирифт.

Мехоҳанд, ки маънӣ равшантар ифода гардад, вале ягона натиҷа ин аст, ки гап беҳад одӣ ва дурушт мегардад, нишонаҳои бетабӣ падид меояд.

Ё шояд гумон рафта бошад, ки калимаҳои монандӣ сабзгул ё куртасафед калимаҳои шоирона ва хоси услуби

пешина
аз 393
навбатӣ