Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

баланд буда, муносиби насри муқаррарӣ, хусусан публисистикаи рӯзнома ва радиову телевизион нестанд.
Ба назари мо, ин гумон ҳам асос надорад. Ин гуна калимаҳо барои забони тоҷикӣ калимаи муқаррарӣ буда, метавонанд дар ҳамаи услубҳо ба кор раванд. Онҳо дар матни лирикӣ оҳанги хушнавозе пайдо карда, ҳиссиёти нозукеро ифода хоҳанд кард, вале мумкин аст, ки дар услубҳои дигар тобиши отифии дигаре пайдо кунанд ё дар матне, ки услубан бетараф аст, аз оҳанги махсуси пуртаъсир то андозае маҳрум гарданд. Забони тоҷикӣ зотан забони шоирона аст ва чунин калимаҳо дар ҳамаи услубҳои он истифода мешаванд. Онҳо ба сухани муқаррарӣ фаровон дохил шудаанд. Бино бар ин аз онҳо бояд ҳазар накунем. Зотан зебоӣ, агар дуруст истифода шавад, зиндагиро фақат ороиш медиҳад ва гуворой ато мекунад.

Дар ҳамаи он мавридҳое, ки дар ин 7 боб аз назар гузаронидем, ба калимаҳо безарурат илова шудани асоси феъдро, ба фикри мо, маҳз натиҷаи нобоварӣ нисбат ба фаҳмиши хонандаю шунаванда донистан лозим аст.
Ин нобоварӣ завқи хонандаро вайрон мекунад, ӯро ба сухани одӣ ва дурушт одат мекунонад, ба ташаккули табъи солими зебоишинохтӣ (эстетикӣ) халал мерасонад. Аз ҳусни сухани сабуку равон бегона шудани табъи хонанда оқибатҳои бад хоҳад дошт, маданияти умумии мардумро паст хоҳад кард.

Барои ислоҳи вазъият лозим аст, ки аз ҳама пеш худи қаламкашҳо дар сухан табъи баланд дошта бошанд, худашон ҳусни сухани матин, содаву мӯҷаз ва сабуку равонро эҳсос карда тавонанд, ин сифатро дар табиати худ ривоҷ диҳанд.

Ба ақидаи мо, ҳоло яке аз вазифаҳои асосӣ дар роҳи баланд кардани фарҳанги сухани тоҷикӣ ҳамин аст, ки дар калимасозӣ аз истифодаи безарурати асоси феъл худдорӣ кунем, мавриди истифодаи асоси феъдро дар калимасозӣ дурусттар санҷем ва ҳар калимае, ки месозем, бунёди он бояд ба сухансанҷӣ бошад. Барои дар сари ин масъала ҷиддан андеша рондан дар ин ҳафт боби китоби мо маводи басанда гирд омадааст.

пешина
аз 393
навбатӣ