Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
КАЛИМАҲОЕ, КИ БО «КАМ», «СЕР», «БИСЕР» СОХТА ШУДААНД
Дар як фасли гузашта таркиби калимаҳои серкор, пурмазмун, камбизоат ва монандӣ инҳоро аз назар гузаронда будем.
Таркиби ин калимаҳо чунин аст: як калимае, ки камиву зиёдиро мефаҳмонад ва як исм.
Дар он фасл таъкид карда будем, ки ин калимаҳои мураккаб пасванди «-нок» ё асоси феъли «доштан» («-дор»)-ро намебардоранд. «Одами камэътиборнок» ё «ҷои камгунҷоишдор» гуфтан мумкин нест, балки «одами камэътибор» ва «ҷои камгунҷоиш» гуфтан даркор аст.
Ин ҷо бояд илова кунем, ки ин қоидаро дар навиштаҳои имрӯз ба тарзҳои дигар ҳам вайрон мекунанд.
Баъзан ба чунин калимаҳо пасвандҳои дигаре ҳам илова мекунанд. Истилоҳи тозабаромади забоншиносон — «ҷумлаи сертаркиба» яке аз онҳост. Дар ин истилоҳ калимаи сертаркиба аз он сабаб нодуруст аст, ки дар охир пасванди «-а» гирифтааст. Ва ҳол он ки калимаҳое, ки бо «сер» сохта шудаанд, ҳаргиз пасванд намегиранд: серкор, сергап, серғавғо, сердарахт ва ҳоказо. Ибораи халқии «одами сертараддуди камкор»-ро ба ёд оред. Дар ин ибора на «сертараддуд» пасванд дорад, на «камкор».
Пас он истилоҳи забоншиносиро ин тавр ислоҳ кардан лозим аст: ҷумлаи сертаркиб.
Дар илми ҷабр истилоҳҳои «муодилаи бисёрномаълума» ва «фазои бисёрчена» низ дар натиҷаи вайрон кардани ҳамин қоида ба миён омадаанд.
Дар адабиётшиносӣ истилоҳи «песаи серпардагӣ» низ вайрон аст. Онро ҳам «песаи серпарда» гуфтан лозим меояд.
Ш. Рустамов дар китоби «Забон ва замон» дар бораи калимаҳои мураккабе, ки бо сер, пур, бисёр сохта шудаанд, дар бораи қоидаи сохта шудани ин калимаҳо муфассалан сухан ронда, бо мисоли бисёре нишон дода буд, ки то ҳ ин навъи калимасозӣ қоидаро вайрон мекунанд. Мо ба фикрҳои ӯ шарик ҳастем. Лекин ӯ серкунҷаро низ дар қатори калимаҳои дурустсохт мисол овардааст (саҳ. 121). Ва ҳол он ки ин калима ҳам ба қолиби маъмул рост намеояд, чунки пасванди -а гирифтааст. Барои ин ки калимаи мазкур шакли дуруст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё