Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

гирад, пасванди онро партофта, серкунҷ гуфтан лозим меояд.
Боз як шакли дигари вайрон кардани ин қоида он аст, ки баъд аз калимаи «кам» ба ҷойи исм сифат меоранд. Чунончи:
«Мунаққид ба асарҳои нави каммашҳур назар меафканд».
«Мо як ҷиҳати каммаълуми эҷодиёти халқро нишон додем».
«Баъзе қаҳрамонҳои ӯ камамалиёт ва каммубориз мебошанд».
Барои ин ки айби ин калимаҳо маълум шавад, ба сохти калимаҳои машҳури камгап, камкор, камҳавсила, камдарахт, кампул, камҳосил, камфоида ва дигарҳо бояд диққат кунем. Дар ҳамаи инҳо баъд аз «кам» исм омадааст. Гоҳ ба ҷойи исм асоси феъл ҳам меояд: камхӯр, камдон, камнавис, камгӯй, камрав. Пас қоида ин аст, ки калимаҳои мураккаб, ки дар аввалашон калимаи нишондиҳандаи камиву зиёдӣ — «кам», «сер», «пур», «бисёр» омадааст, пас аз ин фақат исм ё асоси феъл мегиранд. Яъне дар калимасозӣ пас аз «кам», «сер», «пур», «бисёр» сифат намеояд.
Ва ҳол он ки дар мисолҳои боло калимаҳои каммашҳур, каммаълум, каммубориз бо сифат сохта шудаанд: «машҳур», «маълум», «мубориз» сифат аст. Аз ҳамин сабаб сохти ин калимаҳоро нодуруст ҳисоб кардан лозим аст.
Агар онҳоро ба шакли дуруст дароварданӣ шавем, «каммашҳур»-ро камшӯҳрат, «каммубориз»-ро каммубориза гуфтан лозим меояд. Аммо каммаълум ба ин тарз ҳам ислоҳ намешавад. Барои ислоҳи он шояд тамоми ҷумларо дигар карда аз калимаи мураккаб ибора ё ҷумлаи пайрав сохтан даркор бошад. Масалан, ба ин тарз: «Мо як ҷиҳати эҷодиёти халқро, ки кам маълум аст, нишон додем».
Аҷобат дар ин аст, ки дар ҷумлаи охир ду калимае, ки бо «кам» сохта шудааст: «камамалиёт» ва «каммубориз», — таркибан яксон нестанд: якумӣ пас аз «кам»
исм дорад («амалиёт»), дувумӣ сифат («мубориз»), аммо муаллиф ба ин фарқ аҳамият надодааст. Ва ҳол он ки андак диққат мекард, айби калимаи дувумро мефаҳмид. Аксаран вайронкорӣ ва нодурустиҳо аз чунин бедиққатӣ сар мезананд. Худи ҳамон муаллиф дар ин ҷумла бо «кам» дуруст калима сохтааст:

пешина
аз 393
навбатӣ