Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Одами каммушоҳида зебоиро кашф карда наметавонад».
Алҳақ гапи дуруст. Мо ҳам мехоҳем, ки қаламдастони мо сермушоҳида бошанд ва зебоиҳои забонро барои худ ва барои мо кашф кунанд. Лоақал қоидаҳои забонро дониста қалам ронанд.
«-АНГЕЗ», «-ОМЕЗ» ВА «-ОМӮЗ»
«Ангез» асоси феъли ангехтан, «-омез» асоси феъли омехтан ва «-омӯз» асоси феъли омӯхтан аст. Маънои ангехтан ба ҷунбиш овардан, ба вуҷуд овардан, пайдо кунонидан аст. Омехтан ба маънои якҷоя кардан ё шудан, ҳамроҳ кардан ё шудан меояд. Омӯхтан ёд гирифтан ва ёд додан аст.
Аз асоси ин феълҳо бо исмҳои гуногун калимаи мураккаб сохта мешавад. Исм ҷузъи якуми калимаи мураккаб ва «-ангез, -омез, -омӯз» ҷузъи дувуми онро ташкил медиҳад: меҳрангез, меҳромез, меҳромӯз.
Бисёре аз қаламкашҳои имрӯза байни «-ангез» ва «-омез» фарқ намегузоранд: он ҷо ки дар калимасозӣ мавриди «-омез» аст, «-ангез» мегузоранд ва ё баръакс ба ҷойи «-ангез» аз «-омез» истифода мекунанд. Дар натиҷа калимаи мураккаб ё тамоми ҷумла маънои матлубро ифода карда наметавонад ва маънои номатлубе медиҳад ё ки маънан номафҳум мемонад.
Инро аз ҷумлаи поин дида метавонем:
«Ҳамаи инҳо ба тасвири диловариҳои ҳайратомез хизмат кардаанд».
Маънои ибораи диловариҳои ҳайратомез ин аст, ки диловарӣ омехта бо ҳайрат будааст. Аҷаб диловарон, ки ҳайрон-ҳайрон диловарӣ кардаанд! Чунин «лутфи» сухан одатан аз қаламронии беогоҳӣ сар мезанад, натиҷаи он аст, ки қаламдаст ба маънои сухан эътибор надода қалам меронад. Тамоман равшан аст, ки ин ҷо мавриди ҳайратомез нест, балки ҳайратангез гуфтан даркор аст. Ҳайратангез ангезандаи ҳайрат, ба ҷунбиш орандаи ҳайрат аст. Диловариҳои ҳайратангез диловариест, ки касро ба ҳайрат меорад. Муаллифи ҷумлаи боло низ чунин диловариро дар назар дорад.
Дар ҷумлаи боло «-омез» ба ҷойи «-ангез» омадааст, аммо дар навиштаҳои имрӯза аксаран «-ангез» ба ҷойи «-омез» меояд. Дар ин сурат ба миён омадани маънои номатлубро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё