Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳис кардан душвортар аст ва диққати бештаре металабад. Инро аз ҷумлаи зерин мебинем:
«Ӯ маро шубҳаангез аз назар гузаронд».
Маънои ин ҷумла ҳамин аст, ки аз нигоҳи «ӯ» дар дили «ман» шубҳа пайдо мешуд, нигоҳаш шубҳаро ангез медод. Ва ҳол он ки мақсади муаллиф ин нест. Мақсади муаллиф ин аст, ки «ӯ» бо шубҳа ба «ман» менигарист, нигоҳи «ӯ» омехтаи шубҳа буд. Пас ин ҷо мавриди -омез аст, на -ангез. Гуфтан лозим буд, ки ӯ маро шубҳаомез аз назар гузаронд.
Дар ин ҷумла ҳам ҳол ҳамин аст:
«Тазкиранависон воқеаҳои таърихиро муболиғаангез баён кардаанд».
Дар ин ҷумла «муболиғаангез баён кардаанд» чунин маънӣ дорад, ки баёни соҳибони тазкира дар тасаввури хонанда муболиға ба вуҷуд меорад, ангезаи муболиға аст. Ин гап ҳам хилофи мақсади муаллиф нест, вале аслӣ мақсади ӯ ин аст, ки баёни соҳибони тазкира омехтаи муболиға буд. Бино бар ин барои он ки фикр рост ва бе печу тоб ифода шавад, гуфтан даркор буд, ки муболиғаомез баён кардаанд.
Ин ҷумла аз як асари нависандаи намоён аст:
«Ӯ ба ман бо ранги зард, чашмони ҳамеша ғамгин, лекин марҳаматангез нигариста, оромам мекард».
Ба ин ҷумла ду эрод дорем. Якум ин, ки феъли нигариста ба ранги зард ҳам нисбат дорад, яъне «ӯ» гӯё бо ранги зард менигаристааст. Аммо бо ранги зард ё сиёҳ ё сурх нигаристан чӣ тавр мешавад, ба мо номаълум монд. Дувум ин ки ба ҷойи марҳаматангез марҳаматомез гуфтан даркор буд. Чунки «чашмони ҳамеша ғамгин», яъне нигоҳ омехтаи марҳамату меҳрубонӣ будааст, на ангезаи он.
Дар ин маврид, чунончи дар ду ҷумлаи пеш аз ин ҳам дида будем, -ангез амалро аз субъект ба объект мегузаронад ва ҳол он ки муаллиф амали субъектро дар назар дорад. Агар «ӯ бо чашмони марҳаматангез ба ман нигарист» гӯем, ин гап чунин маънӣ дорад, ки «чашмони ӯ» дар «дили ман» марҳамату меҳрубонӣ бедор мекунад. Ва ҳол он ки дар ҷумлаҳои боло мақсади муаллифон ифодаи таъсири соҳиби амал ба қабулкунандаи таъсир аст. Ин мақсадро дар ин маврид фақат -омез ифода карда метавонад. Дар ҷумлаи охир чашм, яъне нигоҳ соҳиби марҳамат аст, пас онро марҳаматомез, яъне марҳаматнок бояд донист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё