Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ба воситаи -ангез аз субъект ба объект гузаштани амал дар ҷумлаҳои зерин ҳам дида мешавад:
«Империалистон маъракаи тӯҳматангезро вусъат доданд».
«Ф. Кастро даъвоҳои тӯҳматангези империалистонро фош кард».
«Раҳбарияти ин телевизион ба нишон додани филмҳои тӯҳматангез иҷозат дод».
«Ӯ шӯҳиангез нигоҳ кард».
Дар ин ҷумлаҳо объект—қабулкунандаи таъсири амал зикр нагардидааст, вале аз мазмуни сухан маълум аст: шунавандагон, тамошобинон ва дигар ҳозирону ғоибон мебошанд. Таъсири амал ба онҳо нигаронда шудааст, лекин худи онҳо иҷрокунандаи таъсир нестанд. Пас на тӯҳматангез ва шӯҳиангез, балки тӯҳматомез ва шӯхиомез гуфтан даркор буд. Маъракаи империалистон, даъвоҳои онҳо ва филмҳои телевизион омехтаи тӯҳматанд, тӯҳматомез мебошанд. Дар ҷумлаи охир нигоҳ шӯҳие дорад, яъне низ шӯхиомез аст. Мумкин аст, ки ин нигоҳ дар дили бинанда ҳам шӯхие ангезад, вале ҳоло на аз он амале, ки ба миён меорад, балки аз сифате, ки худ дорад, сухан рафта истодааст. Бино бар ин онро шӯхиомез бояд номид.
Ба ин ҳақиқат аз калимаҳое, ки бо асрор ва -ангез сохта шудаанд бештар пай бурдан мумкин аст. Чунончи, дар ин ҷумлаҳо:
«Вай ба девор нигоҳ карда, асрорангез табассум мекунад».
«Дарахтон ба назар асрорангез ва пурсукут менамуданд».
«Садои асрорангез ба гӯш мерасид». Ва хоказо.
Аз ин ҷумлаҳо тамоман равшан аст, ки, масалан, дарахтон ё садое сирру асрореро ангезиш намедиҳанд, балки сирру асрореро дар худ нуҳуфтаанд, худ гӯё дорои сирре мебошанд. Пас асроромез гуфтан даркор аст.
Аммо дар мавриди ибрат, ба назари мо, аксаран аз
-ангез ва -омез дида -омӯз мувофиқтар аст. Дар ҷумлаҳое аз қабили: «Ҳаёти ӯ чунон ибратангез аст, ки инсоният онро фаромӯш нахоҳад кард» ё ки «Муҳокимаю мунозираҳо ибратангез ва судманд буданд» беҳтар ин аст, ки ба ҷойи ибратангез ибратомӯз гуфта шавад. Чун сухан аз ибрат меравад, мавриди омӯхтан, яъне ёд додан ва ёд гирифтан аст. Дар ин мавриди истифодаи асоси феъли омехтан ҳам мумкин аст, лекин ба ҳар ҳол ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё