Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Шубҳае нест, ки дар ин калима асоси феъли «доштан» тамоман зиёдатист. Худи «киштии намадпӯш»
киштиест, ки болопӯши он аз намад аст, яъне аз намад болопӯш дорад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки мафҳуми «доштан» дар худи калимаи «намадпӯш» ҳаст.
Чаро ба сарпӯш «-нок» ё «-дор» илова кардан мумкин шуд, аммо ин намадпӯш ба «-дор» ё «-нок» эҳтиёҷ надорад? Чунки сарпӯш исм аст (сарпӯши дег), то ба он чизе илова накунем, ба сифат табдил намеёбад (деги сарпӯшнок). Аммо худи намадпӯш дар таркиби мазкур сифат аст (киштии намадпӯш) ва чигунагии киштиро мефаҳмонад. Ин калима пас аз илова гардидани «-дор» моҳиятан дигар нашуд. Пас ин «-дор» лозим набудааст.
Қолаби калимаи мураккаби либос-и-сафед-пӯш дар забони халқ ҳаст ва хоси гуфтугӯйи омиёна мебошад. Ин қолаб ҳатто дар қарни II ба забони адабӣ ҳам даромада будааст. Чунончи, Фаррухӣ гуфтааст:
Гёрд оварам сипоҳии дебоисабзпӯш,
Занҷирзулфу сарвқадду силсилаузор.
Аз ин мебарояд, ки ин қолиб аз қадим дар гуфтугӯ будааст, вале ба забони адабӣ дохил нашудааст. Дар шеъри Фаррухӣ (ва шояд дар осори дигарон низ) роҳ ёфтани онро истисно аз меъёр бояд донист.
Як навъи дигари ин қолаб дар шеъри Рӯдакӣ низ
ба назар расид, ки ин аст:
В-ар ту ҳакимиву роҳиҳикматҷӯй,
Сирати ӯ гиру хуб мазҳаби ӯ дон.
Шояд мисраи якуми ин байтро андак ба тарзи дигар, чунончи на роҳиҳикматҷӯй, балки аз ҳам ҷудо, яъне роҳи ҳикмат ҷӯйӣ хондан лозим бошад. Гӯё вазн низ ҳаминро такозо дорад.
Фарз кардем, ки инро калимаи мураккаб дониста
якҷоя навиштан лозим аст. Он гоҳ роҳиҳикматҷӯй ба
ҳамон қолаби либос-и-сафед-пӯш медарояд: роҳ-и-ҳикмат-ҷӯй. Фарқ дар ин аст, ки дар либосисафедпӯш ҷузъи
дувум — сафед сифат аст, дар роҳиҳикматҷӯй ҷузъи дувум исм омадааст, ки ҳикмат аст. Имрӯз дар ин қолиб,
ки ҷузъи дувум исм бошад, гоҳ калима месозанд: тарбидунекун(ӣ), молимардумхӯр(ӣ), шӯрбоинахӯдпазӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё