Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ё сафедкаска, курташӯӣ ё шоҳикурта сохтан даркор буд.
Дар ин мавридҳо ба калима илова шудани асоси феъли «пӯшидан» аз он сабаб зарурат надорад, ки чун «ҷавони куртасафед» гуфтем, худ ба худ маълум аст, ки ин ҷавон куртаи сафед пӯшидааст. Модомки ин маънӣ худ ба худ маълум аст, боз онро бо як унсури дигар таъкид кардан монанди он аст, ки об дар ҳован кубем.
Ҳақиқатан, агар ин калимаҳоро ба шакли дуруст дар ҷумлаҳои мазкур гузорем, маъно асло дигар намешавад, аммо ҷумла сабуктар меояд:
«Ин ҷавони куртасафед аз куҷо пайдо шуд?»
«Кормандони сафедхилҳат назорат доштанд».
«Духтараки курташӯӣ бепарво меомад» ва ҳоказо.
Аз ин қиёс калимаи чакманикуҳнапӯш ҳам бояд кӯҳначакман шавад (пирамарди кӯҳначакман). Агар ин калима ғариб намояд ва маъқул нашавад, ҷумлаи охирро ба ин тарз таҳрир кардан ҳам мумкин аст:
«Як пирамард, ки чакмани кӯҳна дар бар дошт, намоён шуд».
Ин тавр бо ибора ё ҷумлаи пайрав ифода кардани матлаб беҳтар аз он аст, ки як калимаи мураккаби вазнин ё вайронсохт ба миён орем.
Бо асоси феъли «пӯшидан» бисёр калимаҳои рехтаи муҷаз сохта шудаанд ва ҳанӯз ба вуҷуд омада истодаанд: сарпӯш, каллапӯш, болопӯш, зинпӯш, асфалтпуш, сементпӯш ва монанди инҳо. Онҳо фақат аз як исм ва асоси феъл иборатанд, аз ҳамин сабаб сабук ва равон воқеъ шудаанд. Агар асоси феъл ба калимаи дуҷузъа ҳамроҳ шавад, калимае, ки аз ин ҳамроҳӣ ҳосил мегардад, кам ё беш вазнинӣ пайдо мекунад. Бино бар ин ба чунин калимасозӣ ками дар кам даст задан лозим меояд.
Гоҳ ба ин калимаи рехтаи сабук боз як пасванд, масалан «-нок» ё асоси феъли «доштан»-ро илова кардан даркор мешавад: деги сарпӯшнок, деги сарпӯшдор. Азбаски худи сарпӯш як асоси феъл дорад, дар чунин мавридҳо беҳтар ин аст, ки ба он на асоси феъли «доштан» («-дор»), балки пасванди «-нок» илова кунем ва сарпӯшнок гӯем, на сарпӯшдор, то ки ду асоси феъл болои ҳам наояд.
Аммо сохтани калимае аз қабили ин, ки дар ҷумлаи поин мебинем, ба назари мо нодуруст менамояд:
«Темурмалик қайиқҳои намадпӯшдор созонд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё