Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ба фикри мо, аз мисолҳои боло лоақал ҳамин ҳақиқат тамоман равшан аст, ки афзоиши гуногунӣ, яъне такомули сифатии он бо суръат давом мекард: доираи ибораҳои феълие, ки аз онҳо чунин калимаҳои мураккаб сохта мешаванд, торафт васеъ гардида, ҳиссаҳои гуногуни нутқ, калимаҳои содаи нав ба нав ва феълҳои тоза ба тоза ба доираи ин тарзи калимасозӣ кашида шуда, гуногунию •рангорангии калимаҳои мураккаби навро пайваста афзоиш додаанд.
Азбаски ин масъала муҳим аст, боз чанде аз чунин калимаҳои халқӣ мисол меорем ва таъкид мекунем, ки баъзеи онҳо дар ягон китоби луғат қайд нашудаанд: модархонд, падархонд, фарзандхонд, писархонд, духтархонд, додархонд, хоҳархонд, забонзад, хомпухт, маҳинбофт, арзадошт, вораст, вогузошт, кӯҳбаст, қорафтод, корозмуд, ноозмуд, сарнавишт, саргузашт, саромамад, хушбаст (яъне хушкомат), хушрехт, хушбофт, хушомад, пешомад, камёфт, маънидод, нимкушод, якнавохт, худрӯйид, дилбаст (дилбастагӣ), раҳомад, пайомад, таҳафтод (номӣ нақше), бадгуфт, чашмнодид (беназир), рӯйбаст (рӯйкаши девор), сарбаст, беҳбуд, ёдбуд, дасткушт (гӯшти дасткушт), обканд, обхӯрд, дилсӯхт (лолаи дилсӯхт), савобдид, тахтабаст ва ҳоказо.
Инҳо ҳама дороии забонанд ва имконияти ба вуҷуд овардани чунин калимаҳо поён надорад.
Ин ҳам ҷолиб аст, ки аз баъзе ибораҳо чӣ бо асоси замони гузаштаи феъл ва чӣ бо асоси замони ҳозира калима сохтан мумкин аст. Инро дар боло бо мисоли пешрафт ва пешравӣ, корбурд ва корбарӣ дидем. Ҳоло боз чанд ҷуфти калима зикр кардан мехоҳем: камёфт — камёб, ҳамнишаст — ҳамнишин, тутпухт (фасли тутпухт) — тутпазӣ, бадгашт, бадгард — бадгардӣ, вохӯрд — вохӯрӣ, миёнбаст — миёнбанд, побаст — побанд, солгашт — солгард, тахтабаст — тахтабанд. Баъзеи ин ҷуфтҳо ҳаммаъно ё наздикмаъно буда, баъзеашон дар маъние аз якдигар хеле фарқ доранд. Аз ин мебарояд, ки баъзеи онҳоро — онҳоеро, ки ҳаммаъно ва муродиф ҳастанд, ба ҷойи якдигар кор фармудан имконпазир аст, (солгашт ва солгард) ва ин ҳам имкониятҳои забонро афзун месозад. Онҳое, ки ҳаммаъно нестанд (чунончи, миёнбаст — миёнбанд), барои ифодаи маъниҳои гуногун ва тобишҳои нозуки маъно ба кор мераванд.
Хуллас, ки калимасозии бо асоси замони гузаштаи феъл аз ҳар ҷиҳат бағоят ҷолиби диққат аст. Афсӯс ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё