Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дастзад, зархарид, модарзод, найбаст, нимхӯрд, обовард ва ғайра). Албатта, аз Унсурӣ то Ҷомӣ ин миқдор афзоиш ёфтани шумораи калимаҳои ин қолиб шояд аз он сабаб бошад, ки асарҳои Ҷомӣ нисбат ба девони Унсурӣ ҳаҷман чанд баробар зиёдтаранд; азбаски навиштаҳои Ҷомӣ бештаранд, адади чунин калимаҳо ҳам бештар аст. Вале ин ҷо ҳаминро ҳам ба назари эътибор бояд гирифт, ки луғати мазкурӣ А. Нуров на ҳамаи чакидаҳои қалами Ҷомӣ, балки фақат як қисми ками онҳо, танҳо он қисми онҳоро, ки дар Тоҷикистон ба хати имрӯзаи мо чоп шудаанд, дар бар гирифтааст. Аз ин фарҳанги ноқис ҳам танҳо ҷилди якум (яъне фақат нисфаш) ба дастраси мо буд. Аз ин рӯ, гумон меравад, ки агар тамоми куллиёти Ҷомӣ аз назар гузарад, аз тарафи ӯ ба маротиб зиёдтар истифода шудани ин қолиб маълум хоҳад шуд.

Ин гумони мо аз он ҷо қувват меёбад, ки дар забони халқ дар асрҳои охир шумораи чунин калимаҳо торафт афзуда истода буд. Забони устод Айнӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Дар «Луғатномаи осори С. Айнӣ» шумораи чунин калимаҳои мураккаб ба 92 расидааст. Дар байни онҳо калимаҳои аҷибе аз ин қабил ҳастанд: бадгашт, бехҷаст, шоҳаҷаст, бозбаст, бойбурд, восӯхт, вохӯрд, дуҷоромад, қаловабаст, маҳаллидӯхт маҳаллисохт, миёнбаст, навбаромад, навдӯхт, навомад, нимдошт, нишондод, пебаст, салоҳдид, солгашт, сояпарвард, тарҷаст, тахтабаст, хамгашт, хармурд, хоназод, хорбаст, худоофарид, шалгамибаст, шерзод, якандохт, қазонидухт, ҳамзод, ҷонзод ва ғайра. Ба гумони қавӣ аксари ин калимаҳо аз халқ гирифта шудаанд ва баъзеашонро шояд худи устод сохтааст.

Ин се рақам, ки аз Унсурӣ, Ҷомӣ ва Айнӣ, яъне аз асри XI, XV ва XIX-XX оварда шуд, барои баровардани ягон ҳукми қатъӣ ҳаргиз басанда нест. Аммо дар айни ҳол онҳоро беэътибор донистан ҳам дуруст намешудагист. Шояд онҳо лоақал андаке бозгӯйи ҳақиқате бошанд. Гумони мо ин аст, ки афзоиши ин рақамҳо, аз 3 ба 19 ва баъд ба 92 расидани онҳо бо мурури замон бештар фаъол шудани қолиби мазкурӣ калимаи мураккабро нишон медиҳад. Ба ҳар ҳол ин ҷо гӯё ишорае ба ин ҳақиқат ҳаст ва онро минбаъд санҷидану таҳқиқ намудан лозим меояд.

Ҳатто агар маълум шавад, ки афзоиши миқдории ин
навъи калимасозӣ дар гузашта чандон суръате надошт,

пешина
аз 393
навбатӣ