Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
мешавад ва ин боз як имконияти нав аст, ки аз он ба ҷои асоси феъл истифода кардан мумкин аст: таҳқиқгар, ташаббускор, ва ташаббускорӣ (ташаббус нишондиҳӣ не!), тамаллуккор ва тамаллуккорӣ, мусоҳилакор ва мусоҳилакорӣ... Лекин аз ин гуна калимаҳои сода ба ҳеҷ ваҷҳ калимаҳои мураккабе аз қабили таҳқиқкунӣ, тамаллуккунӣ ё мусоҳилакунӣ сохтан мумкин нест. Ғайр аз «-кунӣ» ва «-шавӣ» дигар воситаҳои калимасозиро истифода кардан мумкин аст.
- Ҳама калимаҳои мураккабе, ки дар се боби охир (боби «-кунӣ», «-шавӣ» ва ин боб) мисол овардем, бо асоси замони ҳозираи феъл («шав», «рав», «ёб», «деҳ»
ва ғайра) сохта шудаанд. Ин шакли калимасозии феълӣ яке аз фаъолтарин шаклҳо дар забони тоҷикӣ буд ва ҳаст. Лекин як тарзи дигари калимасозии феълӣ ҳам ҳаст, ки, мутаассифона, ҳоло гӯё фаромӯш шуда истодааст. Ин ҳам бошад, бо асоси замони гузаштаи феъл сохтани калимаи мураккаб мебошад.
Чунончӣ, дар забони тоҷикӣ калимаи пешравӣ ҳаст.
Ин калима бо асоси замони ҳозираи феъл — «рав» ва пасванди «-ӣ» сохта шудааст. Лекин дар тоҷикӣ калимаи пешрафт ҳам ҳаст. Ин калима бо асоси замони гузаштаи ҳамон феъли «рафтан» — «рафт» сохта шудааст.
«Пешравӣ» ва «пешрафт» ҳарду аксаран як маънӣ дорад. Фарқ дар он аст, ки «пешравӣ» бештар амали ҷисмонӣ, аммо «пешрафт» бештар ҳаракати мавҳуми маънавиро мефаҳмонад: пешрафти илм, пешрафти замон.
Вале ҳоло «пешравӣ»-ро аксаран ба ин ҳар ду маънӣ кор мефармоянд ва «пешрафт» кам дучор мешавад, яъне якумӣ ҷои дувумиро низ гирифта истодааст. Ва ҳол он ки «пешрафт»-ро фаромӯш кардан нағз нест. «Пешрафт» аз «пешравӣ» рехтатар ва сазовори ин аст, ки бештар истифода кунем.
Бо асоси замони гузаштаи феъл сохтани калимаи мураккаб дар забони классикӣ ҳам нисбатан кам ба назар мерасад, яъне ин тарзи калимасозии феълӣ аз аввал каммаҳсултар буд. Вале ин шакл бартариҳои муҳимме дорад, ки барои сохтани калимаҳои нав имконияти фаровон пеш меорад.
Муҳимтарин имконияти он аз ин иборат аст, ки чуин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё