Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

давидани бисёр, тап задани нағз, фурӯ бурдани якбора ва монанди инҳо.

Ин ҳодиса кам рӯй медиҳад, дар забони классикӣ низ кам аст, вале дар баъзе мавридҳо бисёр муҳимбарору мушкилкушо хоҳад буд. Ҳатто дар тартиб додани истилоҳот аз он истифода кардан мумкин аст. Мисоли онро минбаъд ба муносибатҳои гуногун хоҳем дид.

  1. Хусусан ба калимаҳое, ки аз забони арабӣ омадаанд, ҳамроҳ кардани асоси феъли тоҷикӣ ва пасванди -й на ҳамеша матлуб аст. Сабаби инро чандин бор тадқиқ кардем: ин калимаҳо худашон амалу ҳаракатеро низ ифода мекунанд. Боз чанд мисол меорем:

«Бо баҳонаи ҳаҷравӣ аз шаҳр гурехт».

«Аз шарҳу эзоҳдиҳии ҷумлаҳо даст мекашем».

«У зоҳиршавии муносибати эҷодкоронаро мушоҳида кардааст».

Ин ҷо аз мисолҳои якум ва дувум асоси феълу пасвандро партофтан беҳтар буд: «бо баҳонаи ҳаҷ» ва «шарҳу эзоҳи ҷумлаҳо» гуфтан бас буд. Аммо дар ҷумлаи севум беҳтар ин буд, ки исми феълии мураккаб ба масдар табдил дода шавад: «зоҳир шудани муносибати эҷодкорона».

Дар ҳаққи калимаҳое ба монанди машҳур, шӯҳрат, камол, ҳақорат ва ғайра низ ҳаминро гуфтан мумкин аст.

Албатта, агар умуман ҳукм кунем, ки дар забони тоҷикӣ аз калимаҳои арабӣ бо илова кардани асоси феъл ва пасванди -й калимаи мураккаб сохта намешавад, саҳв хоҳем кард. Ин гуна калима сохтан мумкин аст, вале ба чанд шарт.

Яке аз шартҳои асосӣ ин аст. Фақат дар сурате ки ба калимаи арабӣ ғайр аз маънои аслии он боз маънои дигаре илова кардан мехоҳем, яъне дар сурате ки маънои калимаи арабиро вусъат додан лозим меояд, ба он асоси феъл ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Чунончи, калимаҳои арабӣ боби «феъл»-ро гирем: арз, ҳукм, шарт, рафъ, ҷамъ, ҳазл, шарҳ, мадҳ, шакл ва ҳоказо. Аз инҳо ба тарзи арзкунӣ, ҳукмкунӣ, ҷамъ шавӣ, шарҳдиҳӣ ва ғайра калима сохтан матлуб нест, вале калимаҳое аз қабили ҳукмрон ва ҳукмронӣ, ҳукмфармо ва ҳукмфармойӣ, ҳазлбардор ва ҳазлбардорӣ,

пешина
аз 393
навбатӣ