Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
амалеро дар бар мегирад. Чунончи, аслан маънои истифода—фоида гирифтан, ваколат—вакил кардан, иҷро—ҷорӣ намудан аст. Модоме ки худи истифода фоида бурдан будааст, ҳоҷати истифодабарӣ гуфтан нест. Ё ин ки ташаккул ба маънои шакл гирифтан, шакл ёфтан меояд. Аммо бо вуҷуди ин баъзе рафиқон гоҳо ба ин калима асоси феъл ҳамроҳ карда калимаи мураккабе аз қабили ташаккулёбӣ месозанд. Ва ҳол он ки ин «-ёбӣ» ин ҷо тамоман зиёдатист, зеро мафҳуми «ёфтан» дар маънои худи ташаккул мавҷуд аст ва ин маъниро дубора ба он зам кардан лозим нест. Чунончи тавсифкунӣ ё ташкилкунӣ гуфтан нағз нест, ташаккулёбӣ ҳам бад аст.
Аз ҳамин сабаб ибораҳои «ташаккулёбии адабиёти тоҷик», «ташаккулёбии ҷаҳонбинии нависанда» ва ғайра нодурустанд, «ташаккули адабиёти тоҷик», «ташаккули ҷаҳонбинии нависанда» гуфтан даркор аст. Ҷумлаи «дар кори ташаккулёбии санъати тоҷик ҳиссаи худро гузошт»-ро ба ин тарз таҳрир кардан беҳтар буд: «Дар ташаккули санъати тоҷик ҳисса гузошт».
Калимаҳои вусъатёбӣ, ташкилдиҳӣ, ташкилёбӣ, машҳуршавӣ, шӯҳратёбӣ, камолёбӣ, ҳақоратдиҳӣ, таъсисёбӣ, таъсисдиҳӣ ва дигарҳо, ки низ бисёр дида мешаванд, аз ҳамин қабиланд. Инҳоро на дар шакли мураккаб, балки дар шакли сода кор фармудан лозим аст.
Ташкил дар асл шакл додан аст. Аз ин калима таркибҳои феълии ташкил додан, ташкил ёфтан ва ташкил кардан ба вуҷуд омадааст. Худи таълим илм додан (омӯхтан) ва таъсис асос додан бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ аз онҳо таълим додан, таълим гирифтан ва таъсис кардан, таъсис додан, таъсис ёфтан сохта шудааст. Ба ҳамин тариқ, аз такмил (камол додан) таркибҳои такмил кардан, такмил додан ва такмил ёфтан пайдо шудааст. Чунончи, қайд шуда буд, мо бо ин кор ин феълҳои арабиро, ки ба забони тоҷикӣ чун исм қабул шудаанд, ба шакли феъли тоҷикӣ даровардаем (ва ба баъзеи онҳо маънои наве ҳам додаем, чунончи «таълим гирифтан» ба маънои аслии «таълим» мувофиқ намеояд, зеро «таълим» илм додан ба касе бошад, «таълим гирифтан» илм ҳосил кардан аз касе ё чизе мебошад).
Вобаста ба ин ки ин феълҳо дар куҷои ҷумла омадаанд, тарзи истифодаи онҳо фарқ пайдо мекунад. Агар ин феълҳо дар охири ҷумла ба сифати хабар омада бошанд, одатан пурра зикр мешаванд: «Ин мактаб соли
106

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё