Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
- Оё ин мумкин аст?
- Чаро не? Биё, беҳтараш аз ҳамин рӯз сар мекунем.
Он рӯз ман бо нахустин хуруфи форсӣ шинос шудам. Басе рӯҳам сабук гашт ва аз шодӣ намедонистам худро куҷо гузорам.
Ӯ акнун ба хона барвақт бармегашт, тановул мекарду пас аз лаҳзае ба ман сабак медод. Мегуфт, ки шогирди қобиле ҳастам. Машғулият як рӯз ба форсӣ, рӯзи дигар ба англисӣ идома меёфт. Гумон мекардам, ҳеҷ ин ҳаёти хушгувору беғаш поён намеёбад. Вале... Рӯзе вай гуфт, ки ба ватанаш рафтанист.
- Калиди хона ба дасти ту мемонад. Пас аз як моҳ бармегардам, - ин хабар ногаҳонӣ буд барои ман, худро дошта натавонистам, - чаро гиря мекунӣ? Ман ҳатман бармегардам.
Аё Неъмати ман, ту ҳатто тасаввур наметавонӣ кардан, ки ин як моҳи пур аз азобро ман чӣ гуна паси сар кардам. Рӯзи охирине, ки мо бо ҳам будем, сония ба сония дар навори хотирам сабт гаштааст. Охир ин рӯз чун рӯзҳои дигар муқаррарӣ набуд. Ман дар ин рӯз нахустин бор аз забони ӯ изҳори ишқро шунидам! Оҳ, ман ин лаҳзаро чӣ дуру дароз интизорӣ кашида будам! Маҳз ҳамин рӯз чӣ будани лаззати бӯсаи ошиқиро фаҳмидам! Ман хомӯш будам, вале ӯ маро маҷбур намекард, ки аз ишқ сухан гӯям, аён буд, ки бо фарасат аз нигоҳам ҷавоби муҳаббати хеш мегирифт.
Ман чун ҳарвақта ба “коргоҳ”-и худ меомадам. Ва бо ҳафсалаи том, новобаста аз он ки вай ин ҷо нест, хонаро поку тамиз мекардам, ҳавояшро тағйир медодам ва сони хӯрокаке омода сохтаму хондану навиштан машқ мекардам. Дар вақти муқаррарӣ бо сурати ӯ хайрухуш менамудам то субҳи дигар мерасид. Ба ҳар ҳол ин мароми зиндагӣ басе сустгом буд ва хаёл мекардам, як моҳ ба соле табдил ёфта.
Яке пай бурдам, ки нигоҳҳои таҳдоре рафтуомади маро назора мекунанд. Дилам ғаш кард. Андешидам то омадани ӯ дигар ба ин даргоҳ рафтуомад накунам, вале боз қуввае ба он манзил мекашидам. Охир чӣ сон метавонистам ҳар субҳ ба сурати вай, ки ба роҳам чашми интизорӣ медӯзад, салом надиҳам? Ва то бегоҳ дафтари хотиротро варақ нагардонаму таноби вақтро кӯтоҳ накунам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё