Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Дилам лабрези фараҳ буд, аммо дар тарс будам, ки ин ҳама бо нохушие меанҷомад.

Неъмат! Аз куҷо донам, ки на ҳама номарданд! Шукри Аллоҳ, ки дунё танҳо аз ғаҷдӣ иборат нест.

Ӯ аз дастам дошта муқобили оинаи бузург овард. Худоё, ман бори аввал ба сурати хеш бо чашми бегона менигаристам: рӯ ба рӯям на хизматпешаи назарногире, балки маликае меистад!

Ҳамон лаҳза аз фикри хеш дар хиҷолат шудам ва рӯй тофтам аз акси назаррабои худ.

Киям ман, то бинозам бо худ аз андешаи нозат, Ба худ нозиданат нозам, ба худ нозиданат нозам...

Ӯ бо лаҳни аҷибе ғазал мехонду ман дар обу арақ мегӯтидам.

– Тӯҳфа маъқул уфтод?

– Зиёд муташаккирам. Беҳуда заҳмат кашидаед.

– Маро наранҷон. Қобили ташаккур нест.

Мо боз сари дастархон нишастем.

– Мӯнис, ба андешаи ман, ба ту кори дигар ёфтан мебояд.

– Магар ман аз ӯҳдаи кор набаромадам?

– Не, ту маро дуруст фаҳм. Охир ин чӣ корест? Ман шарм мекунам, ки туро бо чунин хизмат побанд кардаам. Ин айб аст. Оянда надорад. Ту бояд худшинос, бохабар аз сафеду сиёҳ бошӣ, чун пештара дар идорае кор кунӣ.

– Худатон медонед, ки ман моҳҳо дар ҷустуҷӯи кор будам, ваъда мешунидаму бас. Мебинам, ки ин ҷо ҳам кори ман омад намекунад...

– Оҳ, ту чӣ хел зудранҷ будай! Гӯш дор, азизам. Аз буданат дар ин хонадон басе хушҳол ҳастам, вале ман наметавонам туро ба ҳайси як хизматгор нигоҳ дорам. Худ биандеш, ин хуб нест. Агар ту саводи коргузорӣ бо хатҳои форсиву инглисӣ медоштӣ, ба коре тавсияаш мекардам, ки бешак хурсанд мешудӣ.

– Ман ҳеҷ гоҳ чунин имкон надоштам.

– Чӣ мешавад, ки аз худи ман сабақ омӯзӣ?

пешина
аз 120
навбатӣ