Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман ашкалабумро ҳеҷ надидаам ва намедонам, ки вай чӣ ҷонварест. Вақте модаркалонам ашкалабум мегӯяд, пеши чашмонам эзорсурхак меояд, ки сӯҳиён таммонсурхакаш гӯянд. Дар ангораи ман, ҳамон таммонсурхак дар сари шохаи чормағзи боҳайбати рӯйи ҳавлӣ шишта, суруди “Бум! Бум! Очат да сари хум”-ашро мехонад. Сабки хониши модаркалон дар тақлиди ашкалабум бисёр ваҳмангез аст. Бинобар ин ман сар зери кӯрпа мекашам.

– Доруҷон (модаркалон маро бо ҳамин ном дӯстдорӣ менамуд), хез, рӯйи шира ҷудо карда мондам. Хез, ки чоштгоҳ шуд.

Вақте сар мебардоштам, аллакай офтоб аз тиреза ҷонибам чашмак мезад, хона пур-пури нури зархалӣ мебуд. Дигар нидои “бум, бум” ваҳшатовар набуд. Рӯзи нави ман оғоз мешуд. Бале, қариб ҳама рӯзи ман ҳамин зайл ибтидо мегирифт.

Оҳ, айёми беғамиҳои тифлӣ! Ҳоло ту чӣ будани дарду ғамро намедонӣ. Дар назарат оғози дунё он рӯзест, ки ту рӯйи олам дидаӣ. Не, не, балки зиндагӣ аз он дам сарчашма мегирад, ки ту худро шинохтӣ, комилан не, ҳамту вуҷуд доштани худро ёд дорӣ. Пас ман худро кай шинохтам?

Оё ман чанд сол доштам, ки... Рӯзе, ки хонаи мо ҳезумравон омаданд? Шояд фасли тирамоҳ буд? Бале, тирамоҳ буд, чунки одатан тирамоҳон ҷавонмардони деҳа ба кӯҳ ҳезумкашӣ мерафтанд. Соҳибхона барояшон обу оши тайёр медод. Ҷавонони деҳ галахару аробаҳоро як рӯз пеш омода сохта нимишабӣ ҷониби кӯҳ роҳ пеш мегирифтанд. Онҳо то баромадгоҳи деҳа дам намезаданд, хуфтагонро нороҳат намекарданд. Лекин ба кӯҳ ки наздик мерасиданд, яке овоз сар медод:

Ишав шавақойи торикӣ,
Да танат дидам курти борикӣ.
Охубарно, иқаям нозукӣ,
Байтата гӯш дор, байтдор ойим.

Дигарон ҳамовоз мешуданд:

Ана ёвайло, мана ёвайло!
О, ин ёвайлои мелодароз!

пешина
аз 120
навбатӣ