Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдуҷалил хандаи дандоннамое карду чашм пӯшид. Вай ором чашм пӯшид.

Во, дареги додари ночори ман! Додари ҷавонмаргу орзуношикаставу дунёнодидаи ман!

Ман ба гапҳои модаркалонам ҳайрон мешудам. Гоҳо мегӯяд, ки додараш чиҳилсола буд. Гоҳи дигар мегӯяд, ки вай ҷавон рафт. Додараш вақте фавтида будааст, ки ман чиҳилрӯза будам. Пас маълум мегардад, ки додари бибиам кайҳо мурда будааст. Вай ҷавон ҳам не, мардаки ка-ло-он будааст. Ҳамту-не? Мисол, ман ҳозир қариб панҷсолаам. Ман ким-кай таваллуд шуда будам. Чунон пеши пеш, ки ҳатто ба ёд оварда наметавонам. Ҳамин қадар вақт гузаштаву наваку панҷсола мешавам. Боз чӣ қадар вақти зиёд лозим аст, ки чиҳилсола шавам. Эҳ-ҳе, ангуштони даст кифоя намекунанд, ки чиҳилро шуморӣ. Чиҳил шумораи ниҳоят калон. Чиҳил сол бисёр дери дер мерасад...

Модари ҷон, аз миён солиёни зиёд гузашт. Акнун ман ба маънии вақт сарфаҳм меравам. Умри инсон, ба пиндор, як рӯзи баҳорон аст. Вақте чашм кушодӣ, аллакай субҳи файзрез аз чашмаки тиреза ба рахти хобат нурҳои тилоии хуршеддро мепароканад. Маъмулан ман вақте чашм мекушодам, ки ҳанӯз торик мебуд. Бистари туро даст-даст мекардам. Ҷойгаҳат ғундошта. Маълум, ки кайҳо барои баргзанӣ рафтаӣ (мо кирми пилла мепарваридем). Сипас ба паҳлӯи дигар мегаштаму ҷойгаҳи модаркалонамро мепалмосидам. Вай ҳам кайҳо хеставу рӯйи ҷойнамоз пичир-пичир мекард. Чун фотиҳа хонда, аз ҷой бармехест, ман ҳам азми хестан мекардам.

– Ҳоло барвақт, хоб рав. Гӯш кун, овози ашқалабум1 меояд. Шунидӣ? Мегӯяд:

– Бум! Бум!

Очат дари хум!

  1. Ашқала-бум – муродифи чуғзи наҳс, бум, кӯри бум.
пешина
аз 120
навбатӣ