Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Ҷавонзан рӯяшро пӯшид. Итоб кард.
- Пеши занатон равед.
- Магар ту зани ман нестӣ?
- Мо хуморшикастам.
Дурӯғ мегуфт ӯ. Миёни даҳ соли оиладорӣ ҳоло нашуда буд, ки якбора се шаб пасу пеш аз ҳама ҷудо бошанд. Тамоми се шаб андар бистараш хори маргелон буд. Дар орзуи ин шаб дақиқа мешуморид. - Моҳ...
- Анҷоми ин хона дастзада аст. Оё аз тахту рахти нав сер шудед.
- Магар ту набудӣ, ки маро ба ин кор зӯран розӣ кардӣ? Ин хона бӯи хосе дорад. Нақҳате, ки дар миёни даҳ сол ба вуҷудам шиштааст.
Мардак сари обрез шишт, ҳамон тарзе, ки ҳамеша ду даст паси зону гузошта ишора мекард, ки Моҳнисо мӯзаашро кашад. Занак беихтиёр муқобили Исфандиёр гузашт ва даст дароз кард.
- Бисмиллоҳи...
Ӯ об рехт, шавҳар дасту по шуст. Дилаш беқарорӣ мекард, вале ҳар лаҳза гӯшаи хаёлаш сиёҳӣ мекашид: “Ин дастҳо ба камари дигаре печидаанд”. - Биё, Моҳ...
Худро ба коре андармон сохт. Мард аз китфони нозукаш дошта сӯи рахти хоб ҳидоят кард. “Ӯ зиёд меҳрубон аст, чун пештара бепарво нест”. Ба хотир овард, ки чунин тарзи муомиларо кайҳо фаромӯш кардааст. Дилаш пур шуд.
- Чаро ашк мерезӣ, азизам?
- Ҳамту... - Ӯ худро ба оғӯши шавҳар сахттар андохт. Ва ҳис кард, ки пайкараш маҳин ларзид ва пистонҳояш хала зад.
Нахустин субҳе буд пас аз солҳои тӯлонӣ, ки аз хоб роҳат гирифт. Худро сабук, болидарӯҳ дарёфт. Ва хоби шабдидаашро ба хотир овард: Исфандиёр ба дасташ як ҷуфт гӯшвора дод! Парвардигоро, ин чӣ таъбире дошта бошад?
“Шавҳарамро бедор карда таъбир пурсам?” ва аз фикри худаш шарм кард. Исфандиёр танҳо шаҳвари ӯ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё