Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

МОДАР

Пиразан аз дастаи аробача дошта, бо эҳтиёт қадам мегузошт. Ӯро дар ҳамин аҳвол ҳам дар рӯзҳои гармо медиданду ҳам дар рӯзҳои сармо. Аз гардишгоҳи кинотеатри “Шарқ” мебарояду аз шафати Донишгоҳи кишоварзӣ гузашта рост ба бозорчаи Боғишамол меояд. Аз бозор харид карда, тӯрхалтахашро ба дастаи аробача меовезад ва бо эҳтиёт қафо мегардад. Гоҳо байни пиразан ва писараш гуфтугӯйе мешавад. Пиразан аробачаро ба канори роҳ монда, яхмос харида меояд. Писар кӯдаквор шодӣ мекунад. Аробача боз пеш меравад.

Ҳама ба пиразан ва писари ӯ нигоҳ мекунанд. Аксар бо ишораи таАССУф сар меҷунбонанд. Ман аз назди онҳо бепарво гузашта наметавонам. Гаштам худ аз худ суст мешавад.

Модар бо дастони пӯсту устухонгаштааш аз дастаки аробача сахт медорад. Нигоҳаш хаёлолуд. Писар парвои дунё надорад. Саргарми хӯрдани яхмос аст. Ҳатто пай намебарад, ки оби яхмос аз кунҷи лабаш шорида, гиребони куртаи сафедашро тар мекунад. Модар зуд дастрӯймоли тоза гирифта, лабу рӯйи ӯро бо меҳр пок мекунад. Писар ғур-ғуркунон чизе мегӯяд. Пиразан аробачаро дар назди ҳараки дарвозае медорад. Аз тӯрхалТА як дона себ мегирад, пок карда ба дасти писараш медиҳаду ба ҳарак менишинад.

Ман каме дуртар аз онҳо ба танаи чаноре такя мезанам. Нигоҳи пиразан яке ба ман меафтад ва бо ишорат маро ба наздаш мехонад.
— Чӣ, ба ман кор дорӣ?
— Не...
— Ин хел бошад, аз роҳат намон. Ба мардум хуб чизӣ тамошобобе шудем мо.
— Узр. Ман ҳамту бегаразона...
— Раҳмат омад? Раҳми Худо наомад, раҳми ту омад... Мӯҳтоҷи марҳамати касе нестам. Аз роҳат намон.

Ман лаҳзае худро гум мекунам, дасту по мехӯрам. Чашмам ба писари пиразан меафтад. Бо дастони кӯдаконаву хурдакакаш себро ноӯҳдабароёна дошта, гоҳ ба ман, гоҳ ба пиразан

пешина
аз 120
навбатӣ