Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Худам хостгорӣ мекунам.
— Ту чиҳо мегӯӣ, занак?
— Ин қарори ман қатъист! Акнун равед, бегоҳ боз гапзанон мекунем.

Мардак тешаро ба яккабандаш халонда оҳиста-оҳиста бадар шуд. Моҳнисо худро рӯи фарш партофт.
Бегӣ мард ҳаросида-ҳаросида гап кушод.
— Моҳ, дар ҳақиқат дарахти бесамарро ё мебуранд ё...
— Пайванд мекунанд.
— Вале ман мехоҳам, ки ягон пирдухтар ё ятимакеро худат ёбӣ, то ҳамеша дар ин хона гуфтат раво бошад.
— Ман ҳаргиз ҳукмрони оила будан намехоҳам. Агар ӯ маро хоҳар қабул кунад, ман ёвараш, мураббии тифлаконаш мешавам. Ягона орзуям дар ҳукми падар дидани шумо...

Вале ҳанӯз шаби нахуст ҳис мекунад, ки ин ҳол осон набудааст. Моҳнисоро нафас тангӣ кард ва берун баромад. Сарашро намебардошт, то чашмаш ба тирезаи хонаи боло наафтад. Аздусар чароғи хонаи арӯс гирон аст. Хонаи чиладор. Даҳ сол пеш чароғи хонаи Моҳнисоро низ ба умед гиронда буданд. Исфандиёр, ҳоло ту шабҳои висолро қиёс мекунӣ? Кадом рахт нармтар буд?

Моҳнисо хуб медонист, ки бархе ба ҳолаш механданд: “Тухми мардро шумгиёҳ зада буд, ки ба болои худ шавҳарро зан дод.” Гӯянд. Ҳар чӣ хоҳанд, гӯянд. Аммо Моҳнисо аз ин хона рафта наметавонад. Ӯ ҳатто тасаввур намекунад, ки ба ғайри Исфандиёр касе лаби ҷоғаҳи исматаш пой гузорад. Қисмат ҳамин будааст. Вагарна гумон аст, ягон мард аз ҳамсари худ ин қадар розӣ бошад. Худо фарзанд надод...

— Уҳу, уҳу. Ин шумоед, Моҳнисо? Хунук хӯрбед, ки меларзед? Хезед, хона дароед, духтарам. Вақти таги деги маъракаро оташ додан шуд, — ошпази маҳалла амаки Ҷӯра пешбанд мебаст.

Се рӯз аст, ки Исфандиёрро Надидааст. Ва пайваста фикр мекунад. Моҳнисо: “Чӣ тавр рӯ ба рӯ мешавам?” Шаби чаҳорум Исфандиёр хонаи кӯҳнааш омад.
— Моҳ...

пешина
аз 120
навбатӣ