Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
начунбид занак. Фақат гуфт, ки “гапи идора ба хонадони ман чӣ дахл дорад” Ҷанҷоли онҳо аз паси кори давлат будагист. Сарамро гарав накунед!”
Нусратбибӣ чӣ карданашро намедонист. Гуфт, ки ба саҳро меравам. Аҷаб нест, ки он худобехабарро дар он ҷо ёбам. Дар кӯчаи калон мошини раисро вохӯрд. Даст бардошт. Хайрият, ки Солии раис ба гапи ӯ гӯш андохт. Ваъда дод, ки арӯсашро аз дасти Самандар халос мекунад. Бегоҳӣ Нусратбибӣ Фазолатбонуро аз анбори колхоз халос карда, бо азобе ба хона овард. Ба рӯи кат бистар густурд. Фазолат пои росташро ҷунбонда наметавонист. Зонуяш каб-кабуд варам карда буд. Маҷоли сӯҳбаткунӣ надошт.
Як поси шаб Воҳид дарро тақ-тақ кард.
— Писаратон пайдо шуда меомаданду ба сари ман об рехта, сонӣ омаданд, — гиряолуд гуфт Фазолат.
Воҳид гуппи дар гирифт.
— Кӣ гуреза? Ман? Ман ба он номард нишон медиҳам, — вай табарро бардошт, — то донад, ки Воҳид ба чӣ корҳое қодир аст!
Нусратбибӣ ба пои писараш печид.
— Ҷонам садқаат, худата даст гир. Мон, ба вай ҳам худо нишон медодагист. Мана, худи Фазолатбону гуфтанд-ку, Самандар ин касро қасдан назадааст. Худатон гӯед, духтарам, — илтиҷоомез ба арӯс нигарист ӯ.
— Вай қасдан назад. Девори кӯҳнаро сахт бо пояш тела дода буд, ки як похсаи калон канда шуда ба поям зад, ман худамро нигоҳ дошта натавониста, ба тӯдаи санг бархӯрда афтидам.
— Хӯш, қасдан назада бошад, бо чӣ мақсад ӯро ба анбор бурда ҳабс мекардааст?! — шервор наъра мекашид Воҳид.
— Надонам кори калонҳоя. Талаб кардааст, ки дар куҷо будани шавҳаратро мегӯӣ, сонӣ...
— О, ман ба гӯристон рафтаам, ки дигар барнагарам!
— Ҳамин рӯз ба ҳашар рафтанаш шарт, гуфтааст-дия, бачам. Биё мон. Ин кас то саҳар нағз шуда мехезанд.
Фазолат пас аз чанд рӯзи беморӣ хест, вале як умр пои росташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё