Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

қат нашуд. Дарди пой ӯро бисёр азоб медод. Зимистон ки шуд, вай бистарӣ мегашт.

Каромат омад. Холаи Нусрат аз биёбони хаёлот берун шуд.
– Оҷаҷон, озор кашидан чӣ лозим буд, охир худам омада мепухтам-дия оша.

– Ту ҳам дар корхонаат дам гирифта намешинӣ-ку. Навакак дам партофтам. Ман як сари қадам Самандарро дида бароям. Тобаш нашудааст.

Кампир аз куттии меҳроб чанд дона себ гирифт ва ба остини васеаш печонд. Дар сари болини бемор ёру дӯстон ҷамъ буданд. Самандар чун фаҳмид, ки кампири Нусрат омад, аз дигарон хоҳиш кард, ки берун бароянд. Кампир аҳвол пурсид.
– Дида истодаед-ку, апа. Наход аз худо чунин умед карда бошам?

– Шукр кунед, додарам.
– Апаҷон...
– Гап задан гиред.
– Наметавонам, апаҷон. Худатон медонед-ку.
– Чиро медонам, Самандар?
– Не, апа, худатона ба нодонӣ наандозед. Охир шумову Фазолати раҳматӣ... мана, мани аҳмақа дуои бад карда будетон...

– ...
– Чаро дам намезанед, апа?
– Ин гапҳоро аз хотиратон бароред, Самандарбой.
– Бо ин аҳвол аз хотир баровардан мумкин? Не. Аз ин рӯзам мурданам авло.

– ...
– Илтиҷо мекунам, маро бубахшед. Аз гуноҳам гузаред, ҷон апа! Чашмони бенури Самандар гӯиё аз хонаашон баромада бошанд, бемаъно бозӣ мекарданд, ҷунбиши лабу абрӯяш ҳам нафратовар буд. Ин махлуқ ба сари болини Фазолати раҳматӣ ҳам рафта ҳамин тавр тавалло карда буд, аммо аз чеҳраи бемор ягон аломатро хондан мумкин набуд. Духтурон Самандарро қариб бо зӯрӣ аз палата бароварда буданд. Фазолат то субҳ лаб накушод. Фақат саҳарӣ аз духтари калониаш пурсид:
– Додарат читу?

пешина
аз 120
навбатӣ