Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Духтар гули бунафша,
Тамошо кун ҳуснаша.

Тағойи Бобомӯсоям фарзанди хурдӣ ва нозпарварди хонадон буд. Бибиам мӯйсари сип-сиёҳи кенчаписарашро бо панҷа шонакунон мегуфт:

Бобомӯсо нағз,
Қиссаш пури мағз.

Ин тағоям аз дигарҳо дида ба бибиам қарину дилсӯзтар буд. Вай ҳам модарашро оғӯшкунон дар ҷавоб мегуфт:
— Таги рӯш қоғаз боёин, Ҳамроҳнисо ҷон!
Воқеан бибии ман пӯсти нозуки сурху сафеде дошт, бо вуҷуди пириаш ҳис карда мешуд, ки дар ҷавонӣ зани зебочеҳрае будааст.
Бори охир, вақте ки ба зиёрати мазори Хоҷа Муаллими Сир ва қабристони Ровон рафтам, олам накҳатистон буд. Рӯйи теппаҳои қабр мавҷ-мавҷ лолаҳасакҳо чашмро мебурданд. Хониши мурғони гуногун гӯшу ҳушро менавозид. Насими шӯху гулбоз зангӯлаҳои гули гандумро меафшонд, кокулони беди маҷнунро шона мезад.
Ман фарзандони фатиламӯйи хешро пешандоз карда, ба фарҷомгоҳи шумо — азизонам, омадам. Во дареғо!.. Дар ин миён қабристони Ровон чӣ қадар доман густурдааст. Ҳар кас чени тавоной ба рӯйи хоки гузаштагони хеш лавҳеву нишоне мондааст. Азизони ман, хокҷойи шумо дар иҳотаи қабрҳои дигарест. Аслан шумо ба якдигар бегона нестед, аҳли як деҳед...
Ва ниҳоят ман сари хоки поки шумоям, ки дур не, ба ҳам дар ҳамсоягӣ манзили охират гузидаед.
— Бобоям, модарам, тағоям, бибиам, — муаррифӣ мекунам шуморо ба фарзандонам. Онҳо хасу хошоки хушкидаро аз сари хокатон чида мегиранд ва хомӯш менишинанд. Шайхи мазор меояд ва оят тиловат менамояд. Рӯҳи гузаштагони ин манзилро дуо мекунаду аз ҷой мехезад ва иловатан мегӯяд:

пешина
аз 120
навбатӣ