Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Хонаат пури гандум бошад...
Рӯзе аз бобоям пурсидам, ки килои гандум чанд аст? - Бист тин. Чӣ буд?
- Як хона гандум чанд кило мешавад?
- Шояд чор-панҷ тонна.
- Як тонна ҳазор кило, панҷ тонна - панҷ ҳазор кило.
- Туро ба нархи як хона гандум чӣ кор? – ҳайрон мешуданд бобоям.
- Ҳеҷ.
Вале ман ҷамъу зарб кардаму нархи панҷ тонна гандумро баровардам:
Ҳеҷ қиммате надоштааст як хона гандум. Беҳтараш бибиам мегуфт, ки хонаат пури тилло шавад, ё ҳеҷ набошад, мошини Волгадор шавӣ... Бибиам мо – наберагонашро бо номҳои аҷиб дӯстдорӣ мекард: доруҷон, хандалаҷон, кулули тилло, барраҷон... Ба ман кулулаи тилло маъқул буд. - Бибиҷон, агар ягон кас гӯяд, ки кулулаи тиллоро мегиред, ё ҳамин набераатона, шумо чӣ мегуфтед?
- Албатта туро интихоб мекардам.
- Охир чаро? Шумо кулулаи тиллоро мегирифтед, ман боз гурехта пеши шумо меомадам. Мо тиллодор мешудем.
- Ба ман тиллои кас лозим не, кулулаи тиллои худам бас, – мегуфту сари моро сила мекард.
Ман сар ба зонуи модаркалон мегузоштаму орзуҳои ширин мекардам. Пеши назарам арчаи ороёфтаи солинавӣ меомад, ки перояаш ҳама дурру марҷон ва тиллову тангаро мемонд. Ман аз ҳама бозичаи хушрӯтарини ин арча мебудам, беҳтараш ман худи арчаи солинавӣ мебудам: сар то по ороёфта, пурҷило ва бошукӯҳ...
Модаркалонам фарзандони баркамолашро ҳам ба мисли кӯдак дӯстдориҳо мекард.
Дутори дӯкон,
Пеш-пеши башкон.
Ин байт ба тағоям Абдулаҳадам тааллуқ дошт. Ба модарам ин хел байт монда буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё