Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар баҳор, вақте ки лаби ҷӯйбораки ҳавличаам сабзапӯш мешавад, афсонаҳои модаркалон пеши назарам ҷон мегиранд, бӯйи хуши ҳулбӯйи лаби ҷӯйи Ровон ба димоғам мерасад.
Аҷабо, чӣ қаробатест миёни ҳулбӯй ва афсона? Бале, афсонаҳои бофтаи бибии ман бӯйи пудинаро дошт. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ ошкор намесохт, ки афсона мебофад ё ба тани қиссаҳои кӯҳна пироҳани нав медӯзаду ба кокулонаш марғӯлаи нав ҳамоил мекунад. Балки ӯ мегуфт, ки афсонаро чун ҳулбӯй аз лаби ҷӯйи Ровон мечинад. Ва ман бовар мекардам. Бовар мекардаму доманашро ба умеди афсонаи тоза раҳо мекардам. Ӯ саргрирак ба сар андохта аз ҳавлӣ мебаромад. То омаданаш ҳавлӣ бонӣ мекардам ва дар сӯфаи паси дарвоза интизораш мешудам. Вай меомаду саросема саволаш медодам:
– Афсона овардед?
– Ҳо, дар лаби ҷӯйи Ровон ҳулбӯй барин баромада шудааст, чида-чида омадам.

Ман то шаб чун соя аз пасаш мегаштам. Модаркалонам ҳаргиз рӯзона афсона намегуфт. Мабодо, ки зани қозии талоқ шавад, бо ҷиддияти том мегуфт ӯ. Аз чӣ бошад, ки пеши назарам занбӯруғҳои нохӯрдании ҳавлии бибиам ҳувайдо мегардид. Ва ман метарсидам, ки аз шаккокиам зани қозии талоқ шавад. Аммо намедонистам, ки ин гуфтаҳо чӣ маъмӣ дорад (Бовар кунед, ҳанӯзам ба маънии ин шарти модаркалонам нарасидаам).

Аслан ман ба фаҳми на ҳама гуфтаҳои модаркалон мерафтам. Масалан мо, вақте носозо мегуфтем ё касеро дуоии бад мекардем, ӯ бо қаҳр мегуфт:
– Бод!..

Бод? Яъне чӣ? Вақте шогирди мактаб будам, дар шиорҳое,
ки рӯйи алвон навишта ба даромадгоҳи дасбитон меовехтанд,
калимаи бод низ мебуд. Барои мисол, инту: Зинда бод иди Якуми май – рӯзи якдилии меҳнаткашони тамоми дунё! Зинда бод...
Воқеан бо ин суханҳо он айём бисёр шиор мепартофтанд.
Аммо “бод”-гӯйии модаркалони ман оҳанги зиндабодро надошт. Вале дар дил ҳис мекардам, ки аз носозогӯйии мо бибиам сахт ранҷидааст.

Ё ки ӯ пеш аз он ки аз касе хоҳиш кунад, мегуфт:

пешина
аз 120
навбатӣ