Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Ашк марезед, онҳоро безобита макунед. Аз мо фақат дуо фотиҳа мерасад. Дигар чӣ... Ҳеҷ чӣ нафъе надорад, чун дунё бақо надорад...
Ӯ меравад, сарҳаму маҳзун меравад.
— Оҷаҷон, чаро қабри бибикалонам аз ин се қабр дуртар аст? — мепурсад Маҳпораи ман.
— Чунки ӯ ранҷуртар аз сеи дигар буд. Ӯ умри дароз дид, ҳаштоду як сол. Умри тӯлоние пур аз азоб. Баъди шаш моҳи бобоям, ки ҳафтоду панҷ сол доштанд, модари чилусесолаам аз дунё гузашт. Пас аз сею се рӯзи он рӯзи наҳс тағойи номуродам ҳамсояи хоҳари номуродашон шуданд. Тасаввур кун, ки модар пеш аз худаш даҳ фарзандро ба хок супорад...
Бибиам баъди марги ду фарзанди гулбаргаш боз чор соли дигар рӯю мӯй канда оҳу нола кард. Рӯзи мотами ӯро духтари ҳамадону ҳамазебаш обод намекард. Дарди ӯро кӣ бештар аз модари ман медонист? Ба қадри дард дардманд мерасад, мегӯянд. Фақат духтари сиёҳбахту сиёҳрӯзаш метавонист маъракаи ғам обод кунад, миёни садравандагон арғушти само равад, сари як хишт ҳаллоҷак равад...
Худоё, умри инсон оби равон будааст. Синни ман кайҳо аз чиҳил гузаштааст. Вале, дар назарам, гӯиё дирӯз буд, ки бо ёрии даҳ ангушт ҳисобу китоб меомӯхтам, рӯзро ба умеди афсонаҳои модаркалон шом мекардам. Марди чиҳилсоларо солрафта мепиндоштам. Вале аз маргу зиндагӣ андеша намекардам. Ба пиндорам, ҳаёт анҷом надошт, зиндагӣ афсона метофт, афсонаи ширин.
Ду гулпараки нозбӯйи гулбоғи умрам, ду шаҳпараки шамъи шабистонам — Ситорабонуву Маҳпорапону беғаму бедард қадам мезананд, аз лаби ҷӯйбору аз теппаҳои маҳмалпӯш доман-доман қоқуву лолаарӯсаку гули гандум мечинанд, то сари қабри азизонро гулпӯш кунанд.
Шояд ман ин манзараро, фарҷомгоҳи гузаштагонамро охирин дафъа мебинам, — аз дил мегузаронам, қалбам ширин гум мезанад. Аҷабо, ин чӣ эҳсосест, ки маро фаро гирифта? Сабаб меҷӯяму ҳолати дилро аз нигоҳи ақл маъни медиҳам: рафтани мо гум шудани мо нест. Рафтани мо эҳё гардидани мост. Умри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё