Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
нишманд, батакво, ширинсухан, давраоро... Тақдир чунин будааст, мо бозичайи дасти дигарон шудем. На ӯ ва на ман аз бахти дуввум наосудем.
Ёд дорам, ки вай дидорбиниям омада буд. Як бор неву чанд дафъа. Вақте ки тасодуфан зери чархи мошин мондам ва табибон аз ноиложӣ поямро қатъ карданд, ба дидорам расид. Аммо ман ӯро надидам. Гап дар сари он ки дар таъсири садама чашмонам ба тоси хун табдил ёфтаву қобилияти биниш надоштам.
Духтурон мегуфтанд, ки ин ҳол муваққатист.
— Маро шинохтӣ, ҷони додо? Ман падари сарсахту саргардони туям!
Ман сару рӯйи ӯро мепалмосидам, аммо дар дилам ҳеҷ шодие эҳсос намекардам.
— Чаро гап намезанӣ? Маро интизор набудӣ? Додо гӯй, додо гӯй, ки армонам шиканад.
— Шумо моро нағз медидед?
— Ин чӣ суол аст, ки медиҳӣ? Магар дили ман аз санг бошад, ки...
— Агар не, чаро моро партофта рафтед?
— Во дареғ! Ин чӣ рӯзи сиёҳ буд, ки пеши тифли ширбӯй, пеши фарзанди худ забонкӯтоҳам, фалак! Ман чӣ мардеам, ки фарзандам бесарпаноҳ, бемуттаки, бесару сомон зери чархи мошин мисли бачайи саг монда мерафтааст!..
Гӯшҳоям қулф заданд. Овози ӯ аз дури дур шунида мешуд.
Мазмун, вайро аз палата такия бардошта берун бароварда буданд. Мегӯянд, ки ӯ ду даст ба сар мезаду нола мекард. Мегуфт, ки тақдири ин тифли сарсон чӣ мешавад? Охир вай духтар аст, агар писар мебурд, ин қадар намесӯхтам.
Рӯзи дигар ҳам омад. Аммо мо сӯҳбат карда натавонистем.
Падарандарам пеши ман менишаст. Модаркалонам хоҳиш кард, ки берун барояд, то падарам дарояд. Ӯ ҷанҷол бардошт, зеро чун ҳарвақта сархуш буд. Падарам нахост, ки дар бемористон муноқиша кунад. Дастовезашро доду рафт. Рӯзи дигар боз омад.
Луфтаке овард. Ман ламс мекардаму сурати бозичаро тасаввур менамудам.
— Ин масхарабоз, — мегуфт падарам, либосҳояш хандаовар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё