Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
як остинаш сурху дигараш кабуд, як почаи изораш кабуду дигараш сурх. Мӯяш ба ранги пахол. Вай ҳамеша механдад. Биниаш аз ҳад дароз, шабеҳи нӯки кулоҳаш. Чашмонаш сабз, лабу рӯяш суп-сурх, доғи кунчитак дорад.
Дар пеши назарам афту андоми писари холай Бибикалон школ мегирифт. Писари ун кас ҳам ҳамеша хандида меистад, биниаш дароз. Номаш... Номаш чӣ буд? Ҳа, дар воқеъ, Имом буд.
Ман масхарабозро дӯст надоштам. Чунки Имом бачаи шумаке буд. Ман луфтакро ҳаво додам.
Падарам дигар наомад. Дақиқтараш омадаасту ман хоб будаам. Гуфтанд, ки ба манзилаш баргаштааст (вай дар ноҳияи дигар мезист). Аммаам мегуфт: “Ӯ батамом меояд. Рафт, ки ҷои корашро ба Сӯх кӯчонад. Аз барои ту шуда меояд. Касалокасал рафт. Сардард буд”.
Бибиам ҳам мегуфт: “Падарат баъди ҳафт рӯз меояд. Ваъда дод, ки тамоман меояд. Туро Тошканд мебарад. Табобат мекунонад”. Чашмони ман кам-кам сиҳат мешуданд. Бисёр мехостам, ки ӯро бинам. Шаклу шамоилаш чӣ гуна бошад? Ба тагоям монанд бошад ё ба падарандарам? Бисёр мехоҳам, ки мисли тагоям бошад. Вале ӯ барнагашт. Ташвишкашиҳову ҷангу ҷанҷоли падарандарам беҳуда буд.
Ҳамин тавр баъди се ҳафта хабари марги ӯро, саҳеҳтараш ҷасади сарди ӯро ба зодгоҳ оварданд.
Маро аз бемористон рост ба деҳаи Сариканда бурданд. Ман сурати падарро бори аввал медидам. Рӯйи бистар мехуфту манаҳаш баста. Тоқии тӯсӣ ними абрувони сиёҳи дарозашро пӯшонида буд. Ҳама доду фарёд мекарданд. Аммаам гоҳ бехуд мешуд гоҳ ба худ омада навҳа мекашид. Маро чанд кас баробар оғӯш гирифта мегуфтанд, ки “падарҷон” гӯй, “падари ятимдорам” гӯй, “падари ғарибу мусофирам” гӯй, “ноилочу ночорам” гӯй. Вале ман лолу ҳайрон будам. Ба ҳама бо назари тааҷҷубзада чашм меандохтам. Ману хохарбузургамро ба тарафи дасти рости майит шинонданд. Яке аз чашмони нимпӯши ҷасад ашк ҷӯш зада баромад ва пиру барно навҳаи фалакрас карданд.
Модарҷон, агар гӯям, ки ман ба ӯ меҳре надорам, аз ман маранҷ. Медонам, ки шумо ҳамдигарро сахт дӯст медоштед. Вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё