Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

намедонам. Аммо тагоям, ҳамон тағойи бузургҷуссаву базардаам, ки аз ҳайбаташ хурду калон меҳаросиданд, сару рӯйи маро бӯсаборон карда, илтиҷоомез мегуфт:
— Духтари асали тағош, қанди тағош, дӯстрӯяки тағош. Гиря накун, — вале чашмони фаттони ҷазбомаш гӯӣ-о тоси пуроб буд, овозаш меларзид. Ҳайрон шудам. Магар ӯ ҳамроҳи модарам рафтаӣ буд? Набурдандаш? Наҳод ҳамин тағойи пурзӯри ман, тағойи тавонойи ман, ки ҳама Абдулаҳади милиса омад, гуфта ба эҳтиромаш мехезанд, дар қатори киёнӯкар1 арӯс бурдан мехостаасту ун хасису бахилон ҳамроҳ нагирифтаанд? Ба тағоям раҳмам омад. Ва аз ду рӯҳсори базебаш бӯсидаму гуфтам:
— Ҳеҷ гап не, мо сонӣ мерем.
Тағоям табассуми ширине кард. Ман хурсанд шудам, ки ӯро ором карда тавонистам. Ва ба даҳонаш ҳалвои пашмак андохтам. Вай ҳам даҳони маро ширин кард.
— Баракаллоҳ, ширини тағо!..
Модарҷон, намедонам, ки он рӯз оғози худшиносии ман буд, ё давоми ғуссаҳои беинтиҳои ту?
Модарам, модари чафокашам! Иҷозат фармо, ман туро қиблагоҳӣ гӯям. Маранҷ аз ман. Охир, ман рӯйи гарми падарро надидаам. Сари китфони васеъаш начаспидаам. Пеши кӯдакон аз тавоноиаш бо фахр ҳикоят накардаам. Ӯро ба дукони луфтакфурӯшӣ кашида набурдаам, бо ноз бозичаҳои дилхоҳамро талаб накардаам. Ҳар субҳ ба кораш нагуселонидаам ва ҳар бегоҳ сари кӯча интизорӣ накашидаам. Аз дасташ гирифта ба идгоҳ нарафтаам...
Ту ҳаргиз аз ӯ бадгӯӣ намекардӣ. Аз рӯзгори хушат — аз айёме, ки ҳанӯз ман таваллуд нашуда будам, табассум бар лабу ашк бар чашм ҳикояҳои ширин кардай, вале чӣ кунам, ки ба ӯ мехре надорам ва наметавонам, калимаи падарро ба забон гирам. Медонам, ту аз ин гапҳои ман қаҳр мекунӣ. Мегӯйӣ, ки инту нагӯй, падари ту зеби дӯст доштан, марди поке буд: до-

Шаҳнӯкаронро дар Сӯх киёнӯкар гӯянд, киё — подшоҳ, султон, маҷозан домод (шаҳ). Ин вожаи форсии тоҷикӣ дар ӯзбакӣ шакли киёвро гирифтааст.

пешина
аз 120
навбатӣ