Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
сандуқро накушодам. Ҳамин тавр, ҷойи мондаамро фаромӯш кардам. Ҷойе намонд, ки накофта бошам. Сонӣ тамоми аҳли хонадонро ба ёрӣ чеғ задам. Не, ёфта натавонистем калидро. Бобоят зулфини сандуқро кашидан хост, розӣ нашудам. Охир, ин сандуқи арӯсии ман аст. Нахостам, ки нуқсе ёбад. Бобоят усто Муҳаммадшарифро овард. Муҳаммадшариф марди чилҳунара аст: гоҳо оҳангариву гоҳи дигар заргарӣ мекунад, ҳоло мошинсоз мекунад... Хуллас, усто Муҳаммадшариф бо гаҷ аз қуфл қолаб гирифту маданге дуруст карда овард. Маданг ба калиддон афтид, аммо тоб нахӯрд. Бобоят қаҳр кард. Охир, сандуқро кушодан лозим буд. Марди калони ман ҳамчун саркори машҳур ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ ба Маскав даъват шуда буд. Ҳуҷҷати шахсиаш бошад, дар сандуқ — қуфл. Ман маҷбуран ба кашидани зулфин розӣ шудам. Қуфдро бошад, ба сандуқ андохта мондам.
— Қуфли бемадангро? Умед доштед, ки калидашро меёбед?
— Аз як ҷиҳат дилам мегуфт, ки як рӯз не, як рӯз калид ёфт мешавад, аз ҷиҳати дигар, ин қуфл бӯйи Нозук-чӯгӣ 90 мекард. Нозуке, ки мо аҳду паймони хоҳархондӣ карда будем.
— Бо чӯгизанак?
— Чӣ дод мезанӣ? Магар чӯгӣ одам нест?! Дигар ин ки Нозук лӯлизанаки одӣ набуд. Вай ғайбдони Худоназаркардае буд, инсони начибе буд.
— Бо он лӯлизанак чӣ хел хоҳархонд шудед? Ба Сӯх гадойӣ омада буд ё фолбинӣ карда мегашт?
— На ину на он. Хуллас, ман маданги қуффро баъд аз чанд сари сол аз миёни лашу лушҳои бекора, ки дар кунҷи қазноқ мехобиданд, ёфтам. Ёфтаму бо занҷире, ки ин ҳам
90 Чӯгӣ — яке аз номҳои қавми сархӯест дар Осиёи Вусто, ки замини бобоии хешро Мултони Ҳиндустон медонанд. Ба қабилаҳои чӯгиён дар ҳар ҷо мардуми бумӣ ҳар навъ (косатарошон, мазанг, мултонӣ, лӯлӣ, лӯрӣ, лутӣ, кӯлӣ, кӯчӣ...) ном додаанд. Аксаран (ғайр аз мазангон) қавмашонро дар маҷмӯъ муғат ном мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё