Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

туҳфаи Нозук буд, ба мӯям баста мондам. Инак, бист сол мешавад, ки ин калид аз ман ҷудо нест.

  • Куҷост он хоҳархондатон? Нозук-чӯғиро мегӯям...
  • Дар Ҷомашӯй гуфтаний ҷойи Андиҷон зиндагӣ дорад. Гоҳ-гоҳ салому паём мефиристонад. Солҳои охир аз пой мондааст. Пириву ҳазор иллат, гуфтаанд. Худо нигоҳ дорад, умраш аз ҳафтод гузаштагист.

Чашмони бибиам ба кунҷи ноаён дӯхта шуданд. Табассуме дар лабонаш гул кард. Аз афти ҳол, ӯ дар оинай хаёл хоҳархонди лӯлиашро медид...


  • Бибиҷон, лӯлизанакҳои хӯрчиндор дар ба дар гаштаанд. Яке аз Нозук-чӯгӣ салому паём оварда бошанд.
  • Не, онҳо аз Ҷомашӯй набояд бошанд, вагарна аввал ба дидори ман неомаданд. Ба чӯғиёни Қапчуғай хушам нест. Бештарашон бекасбу кору беҳунаранду дузду қаллоб.
  • Аз куҷо ба чӯғиёни андиҷонӣ ин қадар эътимод пайдо кардед, бибӣ? Ҳамаашон як гӯр нестанд?
  • Қавму қабилаи Нозук-чӯгӣ аз имтиҳони сӯҳиён гузаштагӣ. Гӯш кун. Ман ба ту аз таърихи чанд муддат сокини деҳаи мо шудани онҳо ҳикоят мекунам.

Ҳанӯз аз аввали солҳои Ҷанг дар колхозу совхозҳо норасоии қувваи корӣ эҳсос мешуд. Аз ин миён аксари марду зани коршоямро ба сохтмони Фарҳод-ГЭС бурда буданд. Намедонам, ин сиёсати давр буд, аз афти ҳол ки норасоии дасти кориро бо кӯчонида овардани оилаҳои чӯғиён пурра кардан мехостанд. Ба деҳаи мо ҳам чанд оилаи чӯгӣ оварда шуд. Нахуст онҳоро дар гулбоғи колхоз ҷой доданд. Чӯғиён ба зудӣ чодар заданду манзили муваққатӣ обод карданд. Як-ду рӯзи аввал онҳо гӯиё меҳмони колхози Ровон буданд. Аз ҳисоби анбори хоҷагӣ бо хӯрокворӣ таъмин мешуданд. Албатта, аз ин зиёд меҳмондорӣ кардан маъно надошт, инро худи лӯлиён ҳам

91 Ҷомашӯй - мавзеи лӯлинишин дар водии Фарғона. Ҳоло ин мавзеъ аз маъмурияти вилояти Андиҷон ба вилояти Намангон гузаштааст.

пешина
аз 208
навбатӣ