Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
надоштам, балки танҳо ба садои «куфли маданг» иштиёқманд будам. Бибиам гоҳо занҷири нуқрагинро аз пилики мӯяш кушода, тираки зуволакушоиро ба дастам медоду мегуфт:
— Доруҷон, биё, ба ман ёрӣ кун.
Ӯ аз тахмон 88 кӯрпаҳоро як-як мегирифт ва калид ба калиддон меандохт: «данг-г-г...»,— садои марғуладоре мебаровард қулф. Ман, дар ҳоле ки тиракро ба сарпӯши кушода чун устун мегузоштам, зора мекардам:
— Бибиҷон, калидро боз як бор тоб диҳед.
— Қулф кушода шуд, дигар тоб дода намешавад.
— Ҷо-о-он, бибиҷон, қуфла маҳкам кунеду аз нав кушоед.
— Чиба, охир?
— Овозаш чунон нағз, ки... Мегӯйӣ, мусиқии нотакрор бошад.
— Бозичата ёфтӣ.
— Не нагӯед, шумоба мурам.
Бибиам қулфро маҳкам карда, дубора мекушояд: «данг-г-г...»
— Кайф кардӣ?
— Боз як бор...
— Не. Қулф вайрон шуданаш мумкин.
— Бо кушода бастан қуфли таърифӣ даррав вайрон мешавад? Худатон мегуфшед, ки ин қулф аз сад қуфли мағазинӣ бақувваттар...
— Албатта, охир, ин қуфли махсус аст. Оҳангарони бохунар чунин абзори рӯзгорро ба мисли корхонаҳои давлатӣ аз рӯйи як қолаб садҳо дона намесозанд. Чунин қулф шояд дар музофот назире надошта бошад. Чунки устоҳои номӣ пештар бо фармоиши шахс як дона қуфлу калид месохтанд. Нусхаи калиди ин қулфро ягон устои қулфсози маҳаллӣ сохта натавониста буд. Чанд сол пеш калидро аз чашми келинҳо 89 дуртар бошад, беҳ, гуфта, пинҳон карда монда будам. Зарур ки набуд, чанд маҳал
88 Сӯҳиҳо меҳроб гӯянд.
89 Келин – арӯс, сунҳор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё