Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Медонӣ, вақте забонҳо лол мегарданд, мақсадро нигоҳҳо мефаҳмонанд. Он лаҳзаҳо писарам бо фаросат маънои суханҳои ногуфтаро дармеёфт.

Ман ба кунҷаки қазнок руст шуда, беовоз мегиристам. Мегӯянд, ки тағоят бо гӯшаи чашм касеро меҷуст. Ашк дар чашмонаш чархак мезад, вале ӯ бо азобе худро даст мегирифт, ки оби дида нарезад. Ниҳоят, «Тез бошед!» гуфта ҳадаҳа кардани намояндаи военком шунида шуд ва маро касе нихта кард, ки ба гусели бача бароям. Як нонро ба даст гирифта, аз паси мардум ба кӯча баромадам. Нони насибаро ба даҳони тағоят гузоштаму бехуд шудам... — овози модаркалон меларзид. Ба пиндор, вай аз рӯзгори бисту панҷ-сисола ҳикоят намекард, балки ҷигарбанди ноболиғашро ҳамин ҳозир ба майдони ҷанги хонумонсӯз мегуселонида бошад, оби дида марҷон мекард.

— Бибиҷон, оби таҳорататонро тайёр кунам, вақти намози дигар омад.

— Илоҳӣ, барака ёбӣ, Доруҷон.


Бештари занҳои солрафтаи ин шаҳристон кокулҳои мошу биринҷи худро дуто бофта, нӯки ду кокулро бо як пилик бо ҳам васл мегардонанд. Ин тарзи мӯйбофӣ ба кадбонувон дар ҷунбуҷӯли рӯзгор басе мусоид аст, зеро вақти руфтурӯбу шустушӯй мелаҳо пеш омада, халал намерасонанд. Ҳарчанд бибиам мӯйи дароз надошт, аз рӯйи таомул пиҷаҳои сап-сафедашро ҳамин хел бофта, ба нӯки пилики мӯяш калиди сандуқашро баста мемонд. Дар воқеъ, калид аз занҷираи нуқрагине банд дошту занҷир ба пилик баста мешуд. Вақти роҳ гаштану ҷунбуҷӯл карданаш он силсилаи нозук маҳин-маҳин овоз мебаровард. Бибиам калидро (шояд занҷири симинро) ба касе бовар намекард. Ман на ба калиду занҷир ва на ба сандуқи чӯбини ӯ шавқе

пешина
аз 208
навбатӣ